Тафсири Сураи Гофир Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 46
اَلنَّارُ يُعۡرَضُوۡنَ عَلَيۡهَا غُدُوًّا وَّعَشِيًّا ۚ وَيَوۡمَ تَقُوۡمُ السَّاعَةُ اَدۡخِلُوۡۤا اٰلَ فِرۡعَوۡنَ اَشَدَّ الۡعَذَابِ ٤٦
Ан-нару юъраЗуна ъалайҳа ғудувва-в ва ъашиййа. Ва явма тақуму-с-саъату адхилу ала Фиръавна ашадда-л ъазаб. 46.
46. Он (азоб) оташе ҳаст, ки пагоҳу бегоҳ онҳоро бар он ҳозир карда мешавад ва дар рӯзе, ки Қиёмат Қоим шавад, (ба фариштагон гуфта мешавад:) «Фиръавну пайравони ӯро дар сахттарин азоб дароред!».
Муфассирони киром ояти мазкурро тафсири ояти боло ҳисобиданд ва ин маъниро ҷоиз донистанд: «Он азобе, ки барои Фиръавну тобеъонаш муқаррар шудааст, оташи Ҷаҳаннам аст. Ва рӯзе, ки Қиёмат Қоим мешавад, ба фариштагон аз тарафи Аллоҳ амр мешавад, ки олу атбоъи Фиръавнро ба сахттарин азоби Ҷаҳаннам дохил кунед!» Наъузубиллоҳ аз маҳкум шудан ба чунин ҷои ногувор. Чуноне ки аз оятҳои баъдӣ маълум мегардад, онҳоро оташи Дӯзах ба таври умумӣ шомил мешавад. Илова бар ин онҳо дар Қабрҳояшон то фаро расидани рӯзи Қиёмат гирифтори азоб мегарданд. Онҳо бо оташе аз оташи Дӯзах ҳар пагоҳу ҳар бегоҳ азоб дода мешаванд.
Яке аз далелҳои аҳли суннат ва ҷамоъат оид ба ҳақ будани азоби Қабр ҳамин аст. Инчунин ҳақ будани азоби Қабр барои Фиръавну пайравони ӯ ва кофирон ва баъзе муъминони гунаҳкор дар ҳадисҳои Расулуллоҳ (с) собит аст.
Парвардигор хонандаи мухлис ва ҳамаи мусалмононро аз азоби олами барзах (замони баъди вафоти инсон то рӯзи Қиёмат) ва шармсории рӯзи Қиёмат дар паноҳи Худ нигаҳдор бошад. Омин…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «