Тафсири Сураи Гофир Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 67
هُوَ الَّذِىۡ خَلَقَكُمۡ مِّنۡ تُرَابٍ ثُمَّ مِنۡ نُّطۡفَةٍ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٍ ثُمَّ يُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلًا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوۡۤا اَشُدَّكُمۡ ثُمَّ لِتَكُوۡنُوۡا شُيُوۡخًا ؕ وَمِنۡكُمۡ مَّنۡ يُّتَوَفّٰى مِنۡ قَبۡلُ وَلِتَبۡلُغُوۡۤا اَجَلًا مُّسَمًّى وَّلَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُوۡنَ ٦٧
Ҳува-л-лазӣ халақакум-м мин туробин сумма мин-н нутфатин сумма мин ъалақатин сумма юхриҷукум тифлан сумма ли таблуғу ашуддакум сумма ли такуну шуйуха. Ва минкум-м ма-й ютаваффа мин Қабл. Ва ли таблуғу аҷала-м мусамма-в ва лаъаллакум таъқилун. 67.
67. Ӯст он Зоте, ки шуморо аз хок, сипас аз нутфа, сипас аз хуни баста офарид, онгоҳ шуморо кӯдакшуда берун меорад, боз шуморо боқӣ мегузорад, то ба Қуввати камоли худ бирасед, сипас, шуморо боқӣ мегузорад, то калонсол шавед. Ва баъзе аз шумо касе ҳаст, ки пеш аз синни пирӣ расидан, миронида мешавад. Ва баъзеро боқӣ мегузорад, то ба муддати муайяншуда бирасед. Ва то шояд, ки шумо ягонагии Парвардигоратонро бифаҳмед.
Аллоҳ, ҷалла ҷалолуҳу, инсонро бо Қудрати Худ аз адам, (яъне аз нестӣ) халқ карда (офарида) аст. Масалан, офариниши нахустин инсон, яъне Одам (а) аз хок будааст. Ҳоло ҳамаи инсонҳо насл ва авлоди Одам (а) мебошанд. Агар ба дигар тарз ифода кунем, онҳо аз оби шаҳвати падар ва модари худ офарида шудаанд. Оби шаҳват баъди бордоршавӣ марҳилаҳои гуногуни афзоишро тай намуда, ба инсон мубаддал мегардад. Ҷанини инсон дар марҳилаи аввал мисли як Қатра об аст. Сипас он ба хуни лахтбаста мубаддал гардида, боз чанд ҳолати дигарро паси сар мекунад ва билохира ба сурати тифл аз батни модар ба олами ҳастӣ чашм мекушояд. Баъди ба дунё омадан, ӯ дар давоми чиҳил сол инсони комил мегардад. Баъди гузашти чиҳил соли умри худ мумкин аст, ки Қадам ба сӯйи пиршавӣ мебардорад.
Хулоса, ин тартиби сегона, яъне айёми тифлият, камолот ва пиронсолӣ мутобиқ ба фаҳму идроки инсонҳо муайян карда мешавад ва барои ҳар давр миқдори солро муайян мекунанд. Агар умри инсон басанда бошад, метавонад ин се давраро то муддати муайян паси сар намояд. Агар басанда нест, як ё ду ва ё ҳеҷ яке аз инҳоро тай накарда, балки дар батни модар оламро падруд мегӯяд. Миқдори зиндагӣ ва вақти аз дунёи ҳастӣ реҳлат кардани инсон илми ғайб аст, онро ғайри Аллоҳ таъоло касе намедонад. Ин ҳама далолат бар Қудрати Ӯ таъоло мекунад. Барои аҳли фаҳм ин ҳама як дарси ибрат аст, то шояд бифаҳманд, ки чунин амалҳои фавқулодда танҳо аз Аллоҳи ягона ба вуҷуд меояд. Фақат Ӯ ба чунин кор Қодир аст. Ӯ Зотест, ки ҷовидон боқӣ мемонад, вале дигар ҳама чиз фанои худро хоҳанд ёфт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «