Сураи Ғошияҳ Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гошиях Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғошияҳ Ояти 26

ثُمَّ اِنَّ عَلَيۡنَا حِسَابَهُمْ ٢٦

Сумма инна ъалайна ҳисабаҳум. 26.

26. Баъд аз он, ҳаройина, ҳисоби онҳо бар Мост.

Вазифаи Расули Худо (с.) даъвату панду мавъиза ба мардум аст. Ҳисобӣ кардан ба онҳо ва азоб доданашон хоси Худованд аст. Зеро, билохира, бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст.

Аз Нуъмон ибни Башир ривоят аст, ки Расулаллоҳ (с) дар намози ҷумъа сураҳои “Ҷумъа” ва “Ғошияҳ” ва дар намозҳои ид сураҳои “Аъло” ва “Ғошияҳ”-ро мехонданд.

Носиҳе гуфтааст.

Бархон афалоянзур, то қудрати Мо бинӣ,

Як раҳ ба шутур бингар то сунъи Худо бинӣ.

Дар хорхурӣ қонеъ, дар боркашӣ розӣ,

Ин васф агар ҷӯйи дар аҳли сафо бинӣ.

Поёни сураи “Ғошияҳ” ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғошияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғошияҳ Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фаҷр – Тафсири Осонбаён (Қуръон)