Тафсири Сураи Хадид Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
سَبَّحَ لِلّٰهِ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِۚ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ١
Саббаҳа лиллаҳи ма фи-с-самавати ва-л-арЗи ва Ҳува-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 1.
1. Аллоҳро ҳар он чӣ дар осмонҳо ва Замин аст, ба поки ёд кард. Ва Ӯ ғолибу боҳикмат аст.
Калимаи «тасбеҳ» маъноҳои бузург доштан, пок сохтан, бенуқсон гардонидан ва амсоли онро ифода мекунад. Дар асли ифода «тасбеҳ гуфтан» ва «субҳаналлоҳ» ҳаммаъноанд. Инсон фақат тасбеҳ гуфтани дигар инсонро мебинаду мешунавад, ҳол он ки ба ғайри инсон тамоми мавҷудот ҳар кадом бо услуби ба худ хос Парвардигорро тасбеҳ мегӯянд. Дар сураи «Исро» ва дигар сураҳои қуръонӣ ба ин маъно оятҳо ва шарҳи зиёде ворид шудаанд.
Имом Муслим (раҳ) чунин ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с) гуфтаанд: «Ҳангоме ки ман ба пайғамбарӣ мушарраф шудам, дар Макка санге ба ман салом медод, ҳозир ҳам, онро мешиносам».
Дар ривояти Имом Тирмизӣ (раҳ) омада: «Ҳазрати Алӣ (к) гуфт: «Ҳамроҳи ҳазрати Расулуллоҳ (с) атрофи Макка мерафтем ва аз назди ҳар чизе аз қабили сангу дарахту дигар мегузаштем. Ин суханро мешунидем: «Ас-салату вас-саламу ъалайка йа Расулаллоҳ».
Имом Бухорӣ (раҳ) аз Анас Ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) аввалан ба ҷои минбар болои кундае хутба мехондааст. Баъдан барои ӯ (с) минбар сохтанд. Чун он ҳазрат (с) болои минбар баромада, хутба хонд, кунда мисли уштур овоз бароварда, гирист. Расули Аллоҳ (с) аз минбар поён омада, кундаро оғӯш гирифт. Вай дарҳол ором шуд.
Аз ин ривоятҳо бармеояд, ки ҳар мавҷуд бо услуби хоси худ Аллоҳ таъолоро тасбеҳ мегӯяд. Давоми оят бошад, ду сифати Аллоҳ таъолоро зикр мекунад: «азиз» ба маънои «ҳамеша ғолиб дар иродаи хеш» буда ва ҳеҷ вақт ба мағлубият рӯ намеорад. «Ҳаким» бо илму амал роҳи дуруст ёбандаро гӯянд. Масалан, ҳаким будани Аллоҳ таъоло дар он зоҳир мегардад, ки ҳар махлуқро бо тақозои илму ҳикмати Худ бе каму косту бе нуқсон офаридааст. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «