Тафсири Сураи Хадид Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 24
اۨلَّذِيۡنَ يَبۡخَلُوۡنَ وَيَاۡمُرُوۡنَ النَّاسَ بِالۡبُخۡلِؕ وَمَنۡ يَّتَوَلَّ فَاِنَّ اللّٰهَ هُوَ الۡغَنِىُّ الۡحَمِيۡدُ ٢٤
Ал-лазӣна ябхалуна ва яъмуруна-н-наса би-л-бухл. Ва ма-н ятавалла фа инналлоҳа Ҳува-л-Ғанийю-л-ҳамӣд. 24.
24. Ононанд, ки бухл мекунанд ва мардумро ба бухл амр мекунанд ва ҳар кӣ аз инфоқ руй бигардонад, пас, албатта, Аллоҳ бениёзу ба сифати писандида мавсуф аст.
Албатта, чунин инсон нест, ки ба соҳиб шудани неъматҳои фаровон хурсанд ва ба заволи онҳо маҳзун нагардад. Аммо инсони соҳиби хирад аз неъматҳое, ки Аллоҳ таъоло ба ӯ дода шукр мекунад, бухл намеварзад ва хайру эҳсонро пешаи худ месозад. Ҳангоми хисороти неъматҳо оҳу ҳасрат намекунад, балки сабру тоқат, бурдборӣ аз худ нишон медиҳад, худро ба он таскин медиҳад, ки Аллоҳ таъоло тақдири ашёро пеш аз халқ карданашон дар Лавҳулмаҳфуз чунин навиштааст. Магар ҳукми Аллоҳро чуну чаро карда мешавад? Аммо шахсе ки бахилӣ карда, неъматҳоро атои Аллоҳ надониста, ақида дорад, ки худаш онҳоро худ бо азобу машаққат ба даст овардаст ва аз хайру эҳсон дурӣ меҷӯяд, ҳатто закотро, ё садақоти воҷибияро адо намекунад ва гузашта аз ин, дигаронро низ ба бухл варзидан тела медиҳад, яқин бидонад, ки зарар фақат бар худи ӯ ва моли ӯ воқеъ мегардад. Зеро ӯ амру наҳйи Парвардигорро ба ҷо наовард ва дарк накард, ки Аллоҳ таъоло ба ҳеҷ чиз ниёз надорад ва ҳар садақаву нафақае, ки мекунад, барои худ ва ба хотири ободии охирати худ мекунад. Ӯ таъоло дар Зоти Хеш маҳмуду сутудашуда аст ва ҳар касе аз Ӯ рӯйгардон шаваду амри наҳйи Ӯро ба ҷо наорад ва соҳиби неъмат гардида, аз моли худ хайру эҳсон накунад, ҳеҷ кадом зиёне ба Аллоҳ таъоло нарасад.
Дар мазмуни ин ояти карима ҳам ваъид ва ҳам таҳдид дида мешавад.
Ҳамду сипос мар Аллоҳ таъолоро, ки ба ояти зер баъди баёни мақсад аз фиристодани расулон ва риояи адлу инсоф дар муомилот, додани оҳанро ба бандагон баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «