Сураи Ҳадид Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 25

لَـقَدۡ اَرۡسَلۡنَا رُسُلَنَا بِالۡبَيِّنٰتِ وَاَنۡزَلۡنَا مَعَهُمُ الۡكِتٰبَ وَالۡمِيۡزَانَ لِيَقُوۡمَ النَّاسُ بِالۡقِسۡطِ‌ۚ وَاَنۡزَلۡنَا الۡحَـدِيۡدَ فِيۡهِ بَاۡسٌ شَدِيۡدٌ وَّمَنَافِعُ لِلنَّاسِ وَلِيَـعۡلَمَ اللّٰهُ مَنۡ يَّنۡصُرُهٗ وَ رُسُلَهٗ بِالۡغَيۡبِ‌ ؕ اِنَّ اللّٰهَ قَوِىٌّ عَزِيۡزٌ ٢٥

Ла қад арсална русулана би-л-баййинати ва анзална маъаҳуму-л-китаба ва-л-мӣзана ли яқума-н-насу би-л қист. Ва анзална-л-ҳадӣда фӣҳи баъсун шадӣду-в ва манафиъу ли-н-наси ва ли яъламаллоҳу ма-н янсуруҳу ва русулаҳу би-л-ғайб. Инналлоҳа Қавийюн Ъазӣз. 25.

25. Батаҳқиқ, расулони Худро бо нишона (муъҷиза)-ҳо фиристодем ва ба онҳо Китоб ва тарозуро фурӯ фиристодем, то мардум бо инсоф қоим бошанд ва оҳанро (дар маъданҳо) фуруд овардем, дар он қуввати сахт ва дар он барои мардум манфиатҳои бисёр аст ва то Аллоҳ касеро, ки Аллоҳ ва расулони Ӯро ғоибона (нодида) мадад мекунад, маълум созад. Албатта, Аллоҳ тавонову ғолиб аст.

Ин ояти карима бо ҳарфи «лом»-и қасам оғоз ёфтааст, яъне қасам ба Аллоҳ, ки дар ҳақиқат Мо пайғамбаронро бо ҳуҷҷатҳои қатъӣ ва муъҷизаҳои равшану ошкор ба сӯи инсонҳо фиристодем. Ҳамчунин бо ҳамроҳии онҳо китоби осмониро, ки дар он қонун ва саодати башар дарҷ гардидааст, фиристодем. Чунон қонунҳое, ки тамоми амалҳои инсон бояд аз мизони адлу инсофи нишондодаи Ӯ таъоло таҷовуз накунад. Ё шояд мурод аз мизон ҳамон мизоне бошад, ки инсонҳо ҳангоми муомилоти хариду фурӯш барои вазн кардан истифода мебаранд ва бояд тарозу чунон ба кор бурда шавад, ки яке аз ҳаққи дигаре сӯи истифода накунад. Зеро аз тарозузанандаро, ки ӯро коҳанда низ гӯянд, дар охират ҳисоби сахт хоҳад буд.

Хулоса, ин аст, ки ҳамаи ашёи дунё, амалҳои инсонҳо ва тоату ибодати онҳо, чи дар зоҳир ва чи дар ботин, мутобиқ ба мизони Аллоҳ таъоло, ки дар Қуръони маҷид муайян гардидааст, бояд сурат бигирад.

Инчунин дар ин ояти карима Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки Мо оҳанро халқ намудем ва ин махлуқи Мо соҳиби қувват (мустаҳкамӣ) буда, барои бандагон сифатҳои нафъовар дорад. Аз ҷумла бо илме, ки Офаридгор ба инсонҳо додааст, аз он асбобҳои ҷангӣ, олоти зироаткорӣ ва дигар ашёро месозанд. Дар ҳақиқат оҳан дар зиндагии инсон як чизи бисёр муҳим буда, бе он зиндагиро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Манфиате, ки инсон аз оҳан мебардорад, аз ҳисобу шумор берун аст. Ҳатто дар ҷисм (организм)-и инсон аз ҷумла дар хун, ҷигар, гурда ва ғайра оҳан вуҷуд дошта, хизмат менамояд. Агар ин модда дар инсон кам гардад, ба беморшавӣ бурда мерасонад.

Дар охири оят як маънои нозуке ниҳон аст, ки онро бояд дуруст фаҳмид. Омада, ки инсон бояд аз оҳан, ки неъмати илоҳист, барои манфиати ҳамаҷонибаи худ асбобҳо сохта, онро дар ҷойҳои зарур истифода кунад! Инчунин ишора аст, ки Аллоҳ ва расулонашро ёрӣ диҳад. Маълум аст, ки Аллоҳ таъоло эҳтиёҷ дар ҳеҷ кадом коре ба мардум надорад. Лекин Ӯ таъоло барои фаҳмонидани онҳо дар баъзе корҳо бо бандагони Худ барои ҳуҷҷат шудан ба илми зоҳирии Худ мисли муомилаи байни ду инсон муомила мекунад. Ҳол он ки дар илми ботинии Ӯ таъоло ҳама назди Ӯ маълум аст. Тамоми ҷузъиёту куллиёт дар иҳотаи илми Ӯ қарор дорад.

Акнун дар оят «лияъламаллоҳу» омадааст, яъне (то бидонад Ӯ таъоло) валлоҳу аълам, ин барои имтиҳони баъзе инсонҳо ва ошкор намудани нияти онҳое, ки имон ба ғайб овардаву барои аҷру савоби охираташон яқинан худро вафодор нишон медиҳанд, оё ба нусрати Аллоҳу дини расули Ӯ шитоб менамоянд ё на? Аз ин имтиҳони илоҳӣ бо сари баланд мегузаранд ё на?

Акнун бандагоне, ки мехоҳанд вафодор бошанд, бояд касбу амал бикунанд ва дини Аллоҳро ба ҳар сурате, ки бошад, нусрат бидиҳанд, то ки нусрати Илоҳӣ ба онҳо ёр шавад. Чуноне ки дар охири ояти мазкур ишора аст, Ӯ таъоло ба ҳама кор қодиру ғолиб аст, бе ягон шакку шубҳа метавонад касеро, ки хоҳад аз бандагонаш нусрат диҳад.

Дар дигар сураҳо ҳам, омадааст, ки агар нусрат диҳед Аллоҳро, нусрат медиҳад шуморо ва собит мегардонад қадамҳои шуморо.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Бояд гуфт, ки касоне дар дору-л-ислом иқомат доранду мутобиқи китоби осмонӣ зиндагии хешро намесозанд, аз ҷумла тарозуи инсофу адлро миёни худ риоя намекунанд ва аз дуздиву фисқу фасоду дигар аъмоли хабиса иҷтиноб намеварзанд, дар сурати ба нармӣ хотима наёфтани ин гуна рафтор садри кишвар маҷбур аст алайҳи онҳо даст ба муборизаи мусаллаҳона барад. Ин ҳам бошад, бо оҳан иҷро мегардад.

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)