Тафсири Сураи Хадид Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 5
لَهٗ مُلۡكُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِؕ وَاِلَى اللّٰهِ تُرۡجَعُ الۡاُمُوۡرُ ٥
Лаҳу мулку-с-самавати ва-л-арЗ. Ва илаллоҳи турҷаъу-л-умур. 5.
5. Подшоҳии осмонҳо ва Замин аз они Ӯст ва ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ бозгардонида мешаванд.
Чун ҳокими осмонҳо ва Замин ва соҳиби онҳо Аллоҳ таъолост, инчунин файсалаи тамоми корҳо дар ҳақиқат ба сӯи он зоти ягона аст. Бинобар ин, инсонҳо мувофиқ ба амалҳояшон подоши сазовор мебинанд. Албатта, такрори чунин мазмун дар ин оятҳо барои таъкид аст, ки дар вуқӯи қиёмат ягон шубҳае нест, Аллоҳ таъоло дар ҳақиқат маъбуди ягонаю барҳақ аст ва дар махлуқоти Худ, чӣ хеле ки ирода кунад, чуноне ки ояти зерин эзоҳ медиҳад, тасарруф хоҳад кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «