Тафсири Сураи Хач Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 4
كُتِبَ عَلَيْهِ أَنَّهُ مَنْ تَوَلَّاهُ فَأَنَّهُ يُضِلُّهُ وَيَهْدِيهِ إِلَىٰ عَذَابِ السَّعِيرِ ٤
Кутиба ъалайҳи аннаҳу ман таваллаҳу фа аннаҳу юЗиллуҳу ва яҳдӣҳи ила ъазаби-с-саъӣр. 4.
4. Ки (дар қазои илоҳӣ) бар вай навишта шудааст, ки ҳар ки дӯстдори ӯ (шайтон) бошад, пас, вай (шайтон) ӯро гумроҳ кунад ва ӯро ба сӯйи азоби Саъир(чаҳаннам) роҳнамоӣ намояд.
Ояти мазкур пайравони шайтонро бо тариқи сарзаниш огоҳ намудааст. Ҳукми Худованд ин аст, ки ҳар кас ба шайтон (хоҳ шайтони ҷиннӣ бошад, хоҳ инсӣ) пайравӣ кунаду ӯро дӯсти худ гирад ва гуфтаҳояшро бовар кунад, қатъан шайтон ӯро фиреб медиҳад, аз роҳи рост ӯро бармегардонад ва ба сӯйи оташи сӯзони Ҷаҳаннам раҳнамоияш мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «