Тафсири Сураи Хичр Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 3
ذَرْهُمْ يَأْكُلُوا وَيَتَمَتَّعُوا وَيُلْهِهِمُ الْأَمَلُ ۖ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ ٣
Зарҳум яъкулу ва ятаматтаъу ва юлҳиҳиму-л-амалу фа савфа яъламун. 3.
3. Бигзор онҳоро, то бихӯранд ва баҳраманд шаванд ва онҳоро умед машғул кунад, пас, зуд онҳо хоҳанд донист.
Худованд аҳли куфрро дар ин оят бо лаҳни кӯбанда таҳдид намуда гуфтааст, ки ай Пайғамбари Мо, онҳоро ба ҳоли худашон бигзору дигар насиҳат макун, бигзор онҳо мисли баҳоим (ҳайвон) бихӯранд, бинӯшанд ва аз лаззатҳои нопайдори дунё, чӣ қадаре, ки мехоҳанд, истифода баранд. Доимо саргарми ёфтани дунё бошанду аз ҳақиқат ғофил бимонанд. Ҳеҷ гоҳ аз роҳи ботил ба сӯйи роҳи ҳаққ нараванд ва ҳаргиз дар андешаи тобеъ шудан ба ту набошанд. Бигзор, ҳар рӯз дар парваридани орзуҳои дурударози дунёи зудгузари худ бошанд. Бигзор, тамоми умри худро дар баровардани орзу ва ҳавасҳои худ гузаронанд. Аммо ба зудӣ онҳо нодурустии амалҳои худро хоҳанд донист, ки кори асосиро кайҳо аз даст додаанд.
Хулоса, онҳо дар дунё абадӣ нестанд, дар ояндаи наздик медонанд, ки ҳузуру ҳаловат ва умеди умдаву дуруст ва неъматҳои асливу доимӣ дар куҷоанд. Вақто ки пардаи ғафлат ва ғурурро аз муқобили чашмонашон канор мезананд, онҳо аллакай худро дар остонаи марг ё дар арсагоҳи қиёмат мебинанд ва мефаҳманд, ки онҳо то чӣ андоза зиёнкоранд. Онҳо афсӯٕс мехӯранд, пушаймон мешаванд, локин барои онҳо ҳеҷ суде нест.
Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Фарзанди Одам пир мешавад, аммо ду чиз дар ӯ ҳамчунон ҷавон мемонад: ҳирс ва умед (-и дароз)».
Дар ҳадиси дигар омадааст: «Чаҳор чиз аз бадбахтист; хушк будани чашм, сахт будани дил, тӯлии ҳирс ва орзу бар дунё».
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «