Тафсири Сураи Хичр Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 2
رُبَمَا يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ كَانُوا مُسْلِمِينَ ٢
Рубама явадду-л-лазӣна кафару лав кану муслимӣн. 2.
2. Басо касоне бувад, ки кофир шуданд, дӯст доранд, ки эй кош, чӣ хуш будӣ агар (дар дунё) мусалмон мебуданд.
Худованд дар ин оят касонеро, ки оятҳои равшани илоҳиро мавриди писанд қарор намедиҳанд, ё бовар намекунанд, ё ба онҳо мухолифат мекунанду мусалмон намешаванд, ҳушдор додаст, ки барои онҳо рӯзе фаро мерасад, ки онҳо аз натиҷаҳои шуми куфр, таъассуб ва кӯр-кӯрона пайрави дигар қишри ҷомиъа шуданашон, албатта, пушаймон мешаванд. Вақто кофирон мебинанд, ки мусулмонони гунаҳкори дар ҷаҳаннам ҳамроҳашонбуда бо сабаби имондориашон баъд аз муҳлате азоб кашидан озод шуда ба Ҷаннат мераванд, дар он соат таманно карда мегӯянд: «Эй, кош, мо мусалмон мебудем!».
Аҳли куфр ин суханро дар кадом ҳолат мегӯянд, назди мусаффирон ихтилофи назар аст. Баъзе аз онҳо гуфтаанд, ки чун вақти ҷон додан мерасад, онҳо чунин афсӯс мехӯранд. Ё мебинанд, ки мусалмонҳо дохили Ҷаннат шудаанду онҳо дохили Ҷаҳаннам, аз мусалмон набуданашон пушаймон шуда афсӯс мехӯранд. Навъи севуми афсӯс хӯрдани онҳо дар боло гузашт. Дар ҳадиси шариф бо ривояти Абӯмӯсои Ашъарӣ чунин омадааст, ки Расуллулоҳ (с) фармуданд: «Чун дӯзахиён ва гунаҳкорони аҳли қибла бо хости Худованд (ҷ.ҷ) дар Дӯзах бо ҳам якҷо шаванд, кофирон ба мусалмонҳо мегӯянд: «Оё шумо мусалмон набудед?» Онҳо мегӯянд: «Чаро? Мо мусалмон будем». Онҳо мегӯянд. «Чаро исломи шумо аз шумо ҳеҷ чизро дифоъ карда натавонист? Инак, дар Дӯзах ҳамдами мо қарор доред?». Дар посух мусалмонҳо ба кофирон мегуянд: «Мо гуноҳҳо доштем, ки ба сабаби онҳо мавриди муохаза қарор гирифтем». Худованд, ки шунавандаи гуфтугӯи онҳост, онгоҳ дастур медиҳад, то касонеро, ки аҳли қиблаанду ба сабаби хатоҳояшон вориди Дӯзах шудаанд, аз он берун оваранд. Чун кофирон ин рӯйдодро мебинанд, мегӯянд: «Эй кош, мо низ мусалмон мебудем, чуноне ки онҳо аз дӯзах берун оварда шуданд, мо низ берун оварда мешудем».
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «