Тафсири Сураи Хичр Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 96
الَّذِينَ يَجْعَلُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ ۚ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ ۹۶
Аллазина яҷъалуна маъаллоҳи илаҳан ахара фасавфа яъламун. 96.
96. Онон, ки муқаррар мекарданд бо Аллоҳ маъбудони дигарро, пас зуд бидонанд.
Ояти мазкур тамасхуркунандагонро сифат кардааст, ки онҳо касоне ҳастанд, ки ҷурмашон на танҳо масхара кардани Пайғамбар (с) аст, балки ҷурми дигаре низ доранд, ки онҳо мушриканд. Онҳо ҳамроҳи Аллоҳ таъоло Илоҳи дигареро низ мепарастанд. Вале ба зудӣ аз натиҷаи корҳои шуми худ огоҳ хоҳанд шуд. Лекин афсӯс, ки дубора ба ин дунё бознамегарданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «