Сураи Ҳуд Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Худ Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳуд Ояти 104

وَمَا نُؤَخِّرُهُ إِلَّا لِأَجَلٍ مَعْدُودٍ ١٠٤

Ва ма нуаххируҳу илла ли аҷали-м маъдуд. 104.

104. Ва таъхир намекунем он қиёматро, магар барои ваъдаи муқарраршуда.

Дунёи мо доимӣ нест, як рӯз вайрон шуда ба охир мерасад. Ин ақида назди мусалмон саҳеҳ ва муқаррар аст, ки як рӯзе ҳаст, ки дар он рӯз қиёмат барпо мешавад. Лекин Худованд барпо шудани он рӯзро, аз рӯйи ҳикмате, ки ба худаш маълум аст, ба таъхир гузоштааст. То мардум озмоишҳоро бубинанд панд гиранд, худро ислоҳ бисозанд ва баъд эълон шавад, ки ана ин нишонаҳои рӯзи қиёмат аст. Ба таъхир гузошта шудани муҳлати омадани қиёмат набояд золимонро мағрур бисозад, қиёмат меояду халос.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳуд Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)