Тафсири Сураи Худ Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 111
وَإِنَّ كُلًّا لَمَّا لَيُوَفِّيَنَّهُمْ رَبُّكَ أَعْمَالَهُمْ ۚ إِنَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ خَبِيرٌ ١١١
Ва инна кулла-л ламма ла юваффияннаҳум Раббука аъмалаҳум. Иннаҳу би ма яъмалуна хабӣр. 111.
111. Ва ҳаройина, Парвардигори ту ҳама мардумро (вақте ки барангехта мешаванд) ҷазои кирдорашонро тамом диҳад. Ҳаройина, Вай ба он чӣ мекунанд, доно аст.
Аллоҳтаъоло дар ин оят хабар додааст, ки Парвардигори ту рӯзи қиёмат ҳама мардумро бе ҳеҷ мушкилӣ ҷамъ месозад, агар амалҳои дар дунё содиркардаашон нек бошад, пурра подоши нек ва агар амалҳояшон бад бошад, бекаму кост ҷазоҳои бад медиҳад. Ҳоло дар ин дунё вақти он фаро нарасидааст, ки подоши комил ивази кирдори ҳар кас дода шавад. Чун вақти он фаро расад, амалҳо зарра-зарра ҳисоб хоҳад шуд. Аз таъхир шудани азоб шумо мапиндоред, ки Худо бехабар аст. На! Худованд Зотест, ки ҳеҷ ҳаракат ва ҳеҷ амал аз Ӯ пинҳон нест, аз ҳама амалҳои бандагон огоҳ аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «