Сураи Иброҳим Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 20

وَمَا ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ بِعَزِيزٍ ٢٠

Ва ма залика ъалаллоҳи би ъазӣз. 20.

20. Ва ин кор бар Худо душвор нест.

Ҳоло масъалаҳоеро, ки байни куфру имон аст, дар ин ду оят як тараф гузошта, ба виҷдони ҳар инсон хитоб намуда, Худованд гуфтааст, ки эй инсон! Оё надидӣ, ки Худованд тавонистааст осмонҳо ва Заминро ба тарзи дуруст ва тадбири маҳкам биофарад, ки бар камоли қудрати Ӯ далолат мекунанд? Модоме ки Худованд чунин қудрати беназир дорад, агар бихоҳад, метавонад шуморо, ки фармонро иҷро намекунед, аз байн бибарад ва дар ивази шумо дигар қавми (инсонҳои) фармонбардор биофарад. Ба сомон расонидани чунин кор барои Худованди қодиру муттаъол ҳеҷ душворие надорад. Ӯ таъоло бар ҳар кор қодир аст.

Хулоса, пас аз зиндагии ин дунё ҳаёти дигар ҳаст. Онҷо мақсади офаридани инсон ба тариқа пурра ошкор мешавад.

Набинӣ ту оё Худои ҳамид,

Ба ҳақ осмону Замин офарид.

Агар азм созад туро, эй башар,

Кунад нест рӯйи Замин сар бар сар.

Дигар бора Ӯ мардумони ҷадид,

Бихоҳад ба рӯйи Замин офарид.

(Умеди маҷд)


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)