Сураи Иброҳим Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 21

وَبَرَزُوا لِلَّهِ جَمِيعًا فَقَالَ الضُّعَفَاءُ لِلَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا إِنَّا كُنَّا لَكُمْ تَبَعًا فَهَلْ أَنْتُمْ مُغْنُونَ عَنَّا مِنْ عَذَابِ اللَّهِ مِنْ شَيْءٍ ۚ قَالُوا لَوْ هَدَانَا اللَّهُ لَهَدَيْنَاكُمْ ۖ سَوَاءٌ عَلَيْنَا أَجَزِعْنَا أَمْ صَبَرْنَا مَا لَنَا مِنْ مَحِيصٍ ٢١

Ва баразу лиллаҳи ҷамӣъан фа қола-З-Зуъафау лил лазӣнастакбару инна кунна лакум табаъан фа ҳал антум-м муғнуна ъанна мин ъазабиллаҳи мин шаяъ. Қолу лав ҳаданаллоҳу ла ҳадайнакум. Саваун ъалайна аҷазиъна ам сабарна ма лана мим маҳӣс. 21.

21. Ва ҳама як ҷо пеши Худо зоҳир (ҳозир) шаванд, пас, заифон ба ононе ки такаббури карданд, гӯянд: «Ҳаройина, мо пайрави шумо будем, пас, оё шумо чизеро аз мо аз азоби Худо дафъкунанда ҳастед?». Гӯянд: «Агар моро Худо ҳидоят мекард, ҳаройина, мо шуморо ҳидоят мекардем. Барои мо баробар аст, ки изтироб кунем ё сабр намоем, дигар моро ҳеҷ халосгоҳе нест».

Кофирон ҳангоме ки аз қиёмату азоби он, аз Ҷаннату савоби он сухан мешунаванд, ба хаёли худ мегӯянд, ки он лафзи беасос чизи дигаре нест. Инсон баъд аз он, ки мемирад, мепӯсаду ба хок табдил мегардад, чӣ тавр аз нав зинда мешавад? Ин фикри онҳо таааҷҷубовар аст, зеро бовар доранд, ки Худованд осмонҳо ва Заминро офаридааст. Аммо аз нав зинда шуданро бовар надоранд. Ҳоло ояти мазкур ошкоро гуфтааст, ки рӯзе, ки қиёмат барпо мешавад, ҳама накӯкору бадкор аз қабрҳои худ берун меоянд ва дар маҳшаргоҳ, ки ҷои фароху васеъ аст, дар пешгоҳи Худованд ҷамъ мешаванд. Дар он ҳангом заифон (пайравони нодон)-е, ки бо тақлиди кӯркӯрона худро ба гумроҳӣ афканда буданд, ба мустакбирон, яъне ба шахсоне, ки аз рӯйи кибру ғурур ба Худои якка ва ягона кофир буданд ва дар дунё сабаби гумроҳии онҳо шуда буданд, мегӯянд, ки мо пайрави шумо шуда пайғамбаронро дурӯғгӯ ҳисобидем, ба Худои субҳон куфр варзидем. Ба хотири итоат аз шумо, чуноне ки дида истодаед, ба азобу бало гирифтор шудаем. Пас, оё дар фикри мо ҳастед, то он азоби муайяншударо аз мо дафъ кунед? Он гарданкашон фавран мегӯянд, ки агар моро Худованд ба сӯи имон ҳидоят мекард, то ин ки аз ин азоб наҷот меёфтем, шуморо низ ёрӣ мерасондем. Вале афсӯс, ки мо низ монанди шумоем. Ҳоло, чи бетоқатӣ кунем ва чи сабр кунем, натиҷаи кори мо бетағйир аст, барои мо ҳеҷ паноҳгоҳе нест, ки аз азоби Илоҳӣ халос шавем.

Чунин мазмун дар оятҳои 47-48-уми сураи «Ғофир», оятҳои 38-39-уми сураи «Аъроф», оятҳои 67-68-уми сураи «Аҳзоб» ва оёти 31-32-33-юми сураи «Сабо» ба чашм мерасад; Барои маълумоти бештар ба онҳо муроҷиат шавад.

Хулоса, рӯзи қиёмат, ки ҳама дар ҳузури Аллоҳ таъоло ҷамъ мешаванд, байни мардуми оддӣ ва байни сардорони мутакаббир кашмакашҳо мешавад. Афсӯсу надомату фиғонҳо ба фалак сар мекашанд, болои ин қадар ғаму андӯҳ шайтони лаъин пайдо шуда…


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)