Тафсири Сураи Исро Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 22
لَا تَجْعَلْ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ فَتَقْعُدَ مَذْمُومًا مَخْذُولًا ٢٢
Ла таҷъал маъаллоҳи илаҳан ахара фа тақъуда мазмума-м махзула. 22.
22. Муқаррар макун бо Худо маъбуди дигареро, пас, бечораву бе ёру ёвар бинишинӣ!
Дар оятҳои қаблӣ тақрибан аз се сифати лозимӣ: имон, саъю талош ва талаби некӯии сарои охират сухан ба миён омада буд. Ҳоло ояти мавриди баҳс аз тавҳид (яктопарастӣ) сухан мекунад ва ба гӯши ҳамаи мукаллафон (инсонҳои ба балоғатрасида ва оқил) мерасонад, ки тавҳид (яктопарастӣ) хамирмояи ҳамаи фаъолиятҳои мусбат ва корҳои нек аст. Яъне дар ин оят Худованд бандагони худро чунин дастур додааст, ки эй инсонҳо, чи дар ақида бошад, чи дар парастиш, чи дар назру садақот ва дигар корҳо ягон чизро шарики Худованди ягона қарор надиҳед! Зеро натиҷаи маргбори ширк он аст, ки Худованд ҳимояташро аз шумо мегирад. Дар чунин ҳолат шумо ба бутҳои худсохтатон вогузошта мешавед, пас аз дасти бутҳоятон барои ёрии шумо ҳеҷ чиз намеояд.
Шумо на танҳо бе ёру ёвар мемонед, балки назди Худо, фариштагон ва бандагони накӯкор мазаммат мешавед. Ба ин мазмун Худованд дар сураи «Анкабут» ояти 31-ум гуфтааст: “Касоне, ки ғайри Худоро маъбуди хеш интихоб мекунанд, монанди анкабутанд, ки хонаи суст ва беасосро такягоҳи худ қарор додаанд.” Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «