Тафсири Сураи Исро Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 26
وَآتِ ذَا الْقُرْبَىٰ حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرْ تَبْذِيرًا ٢٦
Ва ати за-л-қурба ҳаққаҳу ва-л-мискӣна вабна-с сабӣли ва ла тубаззир табзӣро. 26.
26. Ва ба соҳибони қаробат ҳаққи онҳоро бидеҳ ва ба дарвеш ва ба мусофир (низ) ва ҳеҷ исроф макун.
Дар оятҳои гузашта ҳуқуқ, одоб ва эҳтироми падару модар зикр шуд. Ояти мазкур ҳуқуқи умумии хешовандон, мискинон ва мусофиронро баён намуда гуфтааст, ки ҳаққи завилқурбо (хешовандон)-ро ба онҳо бидеҳ. Яъне баъди адо кардани ҳаққи падару модар ва хизмати шоиста ба онҳо, ҳаққи хешовандонеро, ки муҳтоҷи кӯмаканд, додан лозим аст. Муфассирон гуфтаанд, ки ҳаққи хешовандон иборат аст; аз силаи раҳм, яъне ба онҳо рафтуомад кардан, аз аҳволи онҳо бохабар будан ва агар шахс имконият дошта бошад, ба қадри тавоноӣ ба хешованди муҳтоҷаш кӯмаки молӣ расонидан. Дар айни ҳол шахси доро ҳангоми ёрӣ додан, бартарии худро намоиш надиҳад.
Инчунин кӯмакгиранда назди шахси диҳанда худро хору зор ҳис накунад; Зеро Худованд аз моликияти шахси бадавлат ҳиссаеро барои муҳтоҷон муайян кардааст, шахси муҳтоҷ ҳаққи худро мегирад на чизи касро.
Дар баробари ин Худованд шахсони дороро фармудааст, ки ҳаққи мискин (мустаманд) ва ҳаққи ибни сабил (мусофири дар роҳ монда)-ро адо кун. Мискин кист? Мискин шахсест, ки аз касбукор оҷиз шуда, аз ҷиҳати моддӣ ва иқтисодӣ муҳтоҷ шудааст. Ибни сабил шахсест, ки гарчӣ дар ватани худ бою бадавлат аст, локин бо кадом сабабе дар мусофиратӣ аз моли худ дур афтода, тӯшаи роҳ, ё кирои роҳе, ки ӯро ба ватанаш расонад, надорад.
Дар охири оят Худованд аз исрофкорӣ манъ намуда гуфтааст, ки исроф накунед! Муфассирон гуфтаанд, ки агарчи дар роҳи Худо бошад ҳам, сарфу харҷ бояд миёна бошад. Агар дар роҳе, ки ризоии Худо дар он нест, сарфи мол кам ҳам бошад, исроф аст. Баҳои исрофкоронро ояти зер чунин додааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «