Сураи Исро Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 27

إِنَّ الْمُبَذِّرِينَ كَانُوا إِخْوَانَ الشَّيَاطِينِ ۖ وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِرَبِّهِ كَفُورًا ٢٧

Инна-л-мубаззирӣна кану ихвана-ш-шайатӣни ва кана-ш-шайтону ли Раббиҳӣ кафуро. 27.

27. Ҳаройина, исрофкунандагон бародарони шайтонҳоянд. Ва Шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст.

Худованд дар ояти мазкур исрофкориро наҳй карда, бо таъкид фармудааст, ки исрофкунандагон бародарони шайтонҳоянд, зеро шайтон махлуқест, ки Худованд неъматҳои худро ба ӯ арзонӣ дошт, вай шукри онҳоро накард ва онҳоро нодида гирифту куфрони неъмат кард. Дар натиҷа рондаи даргоҳи илоҳӣ гашт. Исрофкории шайтонро муфассирон чунин гуфтаанд: “Худованд ба ӯ нерӯ, тавон ва истеъдоди фавқуллода дода буд, аммо ӯ онҳоро дар роҳи шарр (иғво ва васвасаи мардум) сарф кард. Бинобар ин, касе, ки неъматҳои худро, чи моддию иқтисодӣ ва чӣ ҳиссию маънавӣ бошанд, дар ғайри мавзеъи худ сарф кунад, ӯ шахси носипосу исрофкор ва ҳамрадифу бародари шайтон аст. Ҳар балое, ки бар сари шайтон омад, аз имкон дур нест, ки бар сари ӯ низ ояд.”

Дар охир Худованд мефармояд, ки ҳамаи онҳо (яъне шайтон бо ҳамроҳии исрофкорон) яксон дар Дӯзаханд. Дар ин оят калимаи шайтон дар сурати сиғаи ҷамъ омадааст, барои маълумоти бештар оид ба ин масъала ба оятҳои 38-39-44-71-74-92-уми сураи «Зухруф» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)