Сураи Исро Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 49

وَقَالُوا أَإِذَا كُنَّا عِظَامًا وَرُفَاتًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ خَلْقًا جَدِيدًا ٤٩

Ва қолу а-иза кунна ъизама-в ва руфатан а-инна ла мабъусуна халқан ҷадӣда. 49.

49. Ва гуфтанд: «Оё чун устухоне чанд ва аъзои пӯсида шавем, оё мо ба офариниши нав барангехта хоҳем шуд?»

Пайғамбар (с) дар даъвати худ ҳамвора аз маъод (зинда гардонидан баъд аз миронидан) сухан мекард. Мегуфт, ки чун инсон мурад, рӯзе мешавад, ки қисмҳои ин ҷисми пароканда шуда боз бо ҳам ҷамъ карда мешавад ва ҷонаш ба ҷисм баргардонида мешавад, яъне инсон аз нав зинда мегардад. Мушрикон аз шунидани чунин суханҳо бовариашон намеомад, эътироз намуда, ба Расулуллоҳ (с) мегуфтанд: «Устухонҳои пӯсидаи муталошишуда куҷову як инсони зиндаи нерӯманди оқил куҷо? Оё баъди мурдан, ҳангоме ки мо ба устухонҳо тадбил шудем ва ин устухонҳо пӯсиданду аз ҳам ҷудо шуданд, ҳар заррае аз он дар ҷое, ё дар каноре афтода бошад, ё шамол он зарротро рӯйи Замин паҳн карда бошад, имкон дорад, ки он зарраҳо аз нав ҷамъоварӣ шаванду бар тани онҳо либоси ҳаёт пӯшида шавад?» Дар посухи ингуна мушриконе, ки аз нав зинда шудан дар ақлашон намеғунҷид Худованд ба Пайғамбари Худ (с) амр намуд, ки ба онҳо…


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)