Тафсири Сураи Исро Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 54
رَبُّكُمْ أَعْلَمُ بِكُمْ ۖ إِنْ يَشَأْ يَرْحَمْكُمْ أَوْ إِنْ يَشَأْ يُعَذِّبْكُمْ ۚ وَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ وَكِيلًا ٥٤
Раббукум аъламу бикум. Ия яшаъ ярҳамкум ав ия яшаъ юъаззибкум. Ва ма арсалнака ъалайҳим вакӣла. 54.
54. Парвардигори шумо ба ҳоли шумо донотар аст, агар хоҳад, ба шумо раҳм мекунад ва агар хоҳад, шуморо уқубат мекунад. Ва Мо туро бар онҳо нигоҳбон нафиристодаем.
Худованд дар ин оят гуфтааст, ки ай мардум! Парвардигори шумо аз шумо дида ба ҳоли шумо ва ба ҳоли касе, ки сазовори ҳидоят аст ва ҳоли касе, ки шоистаи ҳидоят нест, донотар аст. Агар хоҳад шуморо тавфиқи бар Ислом овардан медиҳаду шомили раҳмати хеш қарор медиҳад ва агар роҳи азобро интихоб кардед, шуморо бар ширк мемиронаду шуморо муҷозот мекунад.
Дар поёни оят, то ин ки Муҳаммад (с) аз имон наовардани мушрикон бисёр нороҳат нашавад, Худованд ба Пайғамбар (с) муроҷиат намудааст, ки Мо туро барои он нафиристодаем, ки мушриконро маҷбуран аз куфр баргардонӣ ва ба имон овардан маҷбурашон кунӣ, ё вакил бошӣ, ки онҳо ҳатман имон оранд. На! Балки вазифаи ту даъвати онҳост ба сӯйи роҳи Ҳақ. Агар ба даъвати ошкорои ту имон оранд, бисёр хуб ва агар имон наоранд, зиёне ба ту нахоҳад расид, зеро ту вазифаи худро анҷом додаӣ!
Ояти зер суханро аз он фаротар бурда гуфтааст, кӣ…
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «