Сураи Исро Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 8

عَسَىٰ رَبُّكُمْ أَنْ يَرْحَمَكُمْ ۚ وَإِنْ عُدْتُمْ عُدْنَا ۘ وَجَعَلْنَا جَهَنَّمَ لِلْكَافِرِينَ حَصِيرًا ٨

Ъаса Раббукум ая ярҳамакум. Ва ин ъуттум ъудна. Ва ҷаъална Ҷаҳаннама лил кафирӣна ҳасӣро. 8.

8. Парвардигори шумо ба он наздик аст, ки бар шумо раҳм кунад. Ва агар ба нофармонӣ руҷӯъ кунед, Мо ба уқубат руҷӯъ кунем. Ва Дӯзахро барои кофирон зиндон сохтаем.

Бо ин ҳама боз дарҳои тавба ба рӯйи шумо (бани Исроил) боз аст, агар тавбаву тазаррӯъ кунед ва худро ислоҳ кунед, мумкин аст, Худованд ба шумо раҳм кунад, яъне агар шумо бо пушаймонӣ ба сӯйи ҳақ боз гардед, Мо раҳмати худро аз шумо дареғ нахоҳем дошт. Аммо барои шахсони кофир, Мо ҷаҳаннамро зиндони дорои азоби сахту сангин, зиндони абадӣ қарор додем, онҳо ҳаргиз аз он раҳоӣ нахоҳанд ёфт. Вале агар боз гардед ба фасодкорӣ ва зулм, Мо низ бозмегардем ба сӯйи ҷазо ва уқубати шумо. Ин таҳдиди Худованд амалӣ шуданӣ аст, хоҳ нохоҳ, албатта, анҷом меёбад. Муфассирон мегӯянд, ки ин ваъда то Қиёмат барқарор ҳаст ва он ба ҳамон бани Исроил нигаронида шуда аст, зеро акнун дар марҳилаи севвум давраи шариати Муҳаммад (с) ва то Қиёмат барқарор аст.

Бояд дар назар дошт, ки ҳадаф аз баёни воқеъаи бани Исроил гӯшзад намудани мусулмонон низ ҳаст.

Мусулмонон низ аз ин ваъдаи Илоҳӣ истисно нестанд. Онҳо низ дар дин, дунё, иззат, шавкат, мол ва давлатдорӣ вобаста ба итоати Худованд ҳастанд. Ҳар гоҳ онҳо аз итоати Худо ва Расулуллоҳ (с) берун раванд, пас душманон ва кофирон бар онҳо ғолиб хоҳанд шуд. Ба ин восита нисбат ба масҷидҳо ва муқаддасоти онҳо беэҳтиромӣ анҷом хоҳад гирифт.

Ҳоло дар оятҳои баъдӣ сухан аз Китобе меравад, ки касе ба он амал кунад ҳидояти дунё ва охират барои ӯ таъмин хоҳад шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)