Тафсири Сураи Исро Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 9
إِنَّ هَٰذَا الْقُرْآنَ يَهْدِي لِلَّتِي هِيَ أَقْوَمُ وَيُبَشِّرُ الْمُؤْمِنِينَ الَّذِينَ يَعْمَلُونَ الصَّالِحَاتِ أَنَّ لَهُمْ أَجْرًا كَبِيرًا ٩
Инна ҳаза-л-Қур-ана яҳдӣ лил латӣ ҳия ақваму ва юбашширу-л муъминӣна-л-лазӣна яъмалуна-с-салиҳати анна лаҳум аҷран кабӣро. 9.
9. Ҳаройина, ин Қуръон ба роҳе ҳидоят менамояд, ки он дурусттар ва пайдортар аст ва он мусалмононро, ки корҳои шоиста мекунанд, башорат медиҳад, ки барои онҳо музди бузург бошад.
Дар оятҳои қаблӣ сухан аз ихтилофи бани Исроил бо китоби осмонӣ (Таврот) ва ҷазое ки барои онҳо таъин шуда буд гузашт. Ҳоло ояти мазкур аз китоби осмонӣ Қуръони маҷид, ки охирин китоби (фиристодаи Худованд барои инсонҳо) аст, сухан ба миён оварда гуфтааст, ки Қуръон аст, ки мардумро ба дурусттарин ойин, (ки он дини Ислом аст) ҳидоят мекунад ва арзишҳои волои ҳақ ва некиҳои дунё ва охиратро аз ҷиҳати иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва низомҳои сиёсӣ кафолат медиҳад. Қуръон китобест, ки чи дар ибодат, чи дар одату ахлоқ ба ифроту тафрит роҳ намедиҳад. Қуръон бо ҳирсу тамаъ, исрофу бухлу ҳасад, зулму ситам созгор нест. Қуръон инсонро бо росттарин ва некбахттарин роҳ мебарад. Қуръон доруву дармони маразҳои нафсӣ, фардӣ ва иҷтимоии инсонҳост. Дар охири ояти мазкур бо ду навъ натиҷагирӣ ишора карда, чунин гуфтааст, ки ин Қуръон ба шахсоне ки имон овардаанд ва дар баробари он амалҳои солиҳро анҷом додаанд, мужда медиҳад, ки дар Ҷаннатун-наъим барои онон подоши бузург омода шудааст. Аз ишораи ояти мазкур фаҳмида шуд, ки танҳо муъмин будан кифоя нест. Дар паҳлӯйи имон иҷрои амали солеҳ зарур аст. Ҳамчунин рӯзи Қиёмат, бидуни имон амали солеҳ фоидае надоштааст. Ин муждаи аввал буд. Муждаи дувумро ояти зер эзоҳ медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «