Сураи Ҷин – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Чин – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҷин 72-юм сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда аз 28 оят иборат аст.

Ин сура ваҳдоният, рисолат, баъс, ҷазо, тасдиқи Паёмбар, эътиқод ба Худои ягона, раҳоӣ аз хурофот ва дигар масъалаҳои муҳимро фаро гирифтааст. Аммо масъалаи асосие, ки дар маърази диққати хонанда гузошта шуда аст, мисли масоили дар боло зикршуда ҳамчун рукне аз дин донисташуданаш зарур аст, ин боварӣ ба ҳастии як махлуқи Худо Ҷин аст. Барои дарки мақсади асосии сура аввал зарур аст, ки як маълумоте дар бораи ҷинҳо дошта бошем. Ҷин чӣ гуна махлуқ аст? Мекӯшем ба изни Худованд андаке бошад ҳам ба ин суол посух бигӯем. То нузули Қуръон арабҳо ҷинҳоро “худои норавшан ва нозоҳир” пиндошта, ба онҳо эътиқод доштанд. Фасодии эътиқоди онҳо дар ин буд, ки мегуфтанд: “Наслу насаби ҷинҳо ба Худо рафта мерасад”. Ҳамчунин “Ҷинҳо аз ғайб хабардоранд ва аз Осмон хабар оварда ба фолбинону мунаҷҷимон мерасонанд” гуфта боварӣ доштанд. Ба ин ақида онҳо худро мушрик сохтанд. Сураи Ҷин ин эътиқоди фосидро рад месозад. Инчунин ҳадиси расули Худо (с) аст: “Касе ба назди фолбин, мунаҷҷим равад ва ба гуфтаи онҳо эътиқоду бовар кунад бар Муҳаммад (с) нозилшударо кофир аст” яъне Қуръонро. Дар ҳақиқат илми ғайб назди Худованд аст ва онро танҳо Худаш медонад.

Дигар ақидаи фосиди арабҳо ин буд ки мегуфтанд: “Ҳукми ҷинҳо дар рӯйи Замин даргузар аст” Чӣ хаёли хому ботил! Агар яке аз араб ба ҷое маълум рафта хоб карданӣ мешуд, “Аз ҷине, ки соҳиби ин маконаст паноҳ мепурсам” гуфта дуъо мекард. Мутаассифона, дар замони мо чунин бидъату хурофотҳо зиёд гашта, бисёриҳо ба ин эътиқоди фосид побанд гаштаанд. Охир модоме, ки худро мусалмон ва соҳиби имон медонӣ, пас тамоми некию бадиро аз ҷониби Худованд бояд донист! Яке аз рукнҳои имон ҳам ҳамин аст.

Дар баробари ин чи дар гузашта ва чи дар ҳозира афроде дида мешаванд, ки умуман ҳастии ҷинҳоро инкор мекунанд. Ба ин фикранд, ки ҷинҳо вуҷуд надоранд ва он чи дар нисбати онҳо гуфта мешавад ҳама сухани бофтаю тофтаю сохтааст! Ҳақиқати инро чун дигар масоил Исломи азиз мекушояд ва ҷинҳоро махлуқи Худо медонад. Дар ҳақиқат ҷинҳо вуҷуд доранд ва онҳоро Худованд аз оташ халқ кардааст. Ҷинҳо аз назар пинҳонанд, онҳоро дида намешавад, вале дигар ашёро дидани онҳо мумкин аст. Дар байни ҷинҳо мисли инсонҳо муъмину кофиру тавонову заифу донову нодону ҳалиму золиму содда ва ғайра ҳаст. Онҳоро низ рӯзи охират ҳисобу китобу ҷазову подошу мукофот хоҳад буд. Муъминонаш аз Ҷаннат ва кофиронаш аз Дӯзах макон хоҳанд ёфт. Бо нузули Қуръон онҳо аз бисёр ҳунарҳои худ маҳрум монданд. Дар ибтидои Ислом ҷинҳо ба Осмон баромада, аз сӯҳбати малоикаҳо дуздида ба фолбинону мунаҷҷимон хабар меоварданд, ки фалону фалон хоҳад шуд. Роҳи онҳо бо рисолати Паёмбари охируззамон (с) ба сӯйи Осмон баста шуд. Чун қасди Осмон мекарданд аз шиҳоби ситораҳо сӯхта нест мешуданд. Онҳо ба андеша афтоданд, ки чӣ боис гашта, ки ба мо чунин ҳодиса рӯйи медиҳад. Баъзе аз онҳо гуфтанд, ки шояд дар олам табадуллоти бузурге ба вуқӯъ биёяд. Машварат оростанд, ки аз Машриқ то Мағриби олам тафтиш карда шуда сабаби ин ҳодиса маълум карда шавад. Вақте ки гурӯҳи иборат аз 7 нафараи ҷинҳо ба Насибийн ном мавзеъ расиданд, ба гӯши онҳо садои Қуръон тиловат кардани Расулуллоҳ (с) расид. Чун ба каломи раббонӣ гӯшу ҳуш доданд, тасдиқ карданд, ки ҳамин суханон роҳи онҳоро ба сӯйи осмонҳо бастааст…

Дар ин асно Аллоҳтаъоло ба Ҳабибаш (с) сураи “Ҷин”-ро ваҳйи фиристод.

Ҷинҳое, ки тиловати Қуръонро шуниданд, аз он мутаасир гашта, ба қалбҳои онҳо имон манзил ёфт. Ба сӯйи қавми хеш пас гашта, онҳоро ба имон овардан ба Худои ягона даъват намуданд.

Аминем, ки маълумоти бештарро хонандаи мухлис дар рафти шарҳу тафсири ин сураи карима ҳосил хоҳад кард.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нуҳ Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҷин Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)