Тафсири Сураи Чин Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 13
وَّاَنَّا لَمَّا سَمِعۡنَا الۡهُدٰٓى اٰمَنَّا بِهٖ ؕ فَمَنۡ يُّؤۡمِنۡۢ بِرَبِّهٖ فَلَا يَخَافُ بَخۡسًا وَّلَا رَهَقًا ١٣
Ва анна ламма самиъна-л-ҳуда аманна биҳ. Фа ма-й юъмин би Раббиҳӣ фа ла яхофу бахса-в ва ла раҳақо. 13.
13. Ва ба дурустӣ (ки) мо, вақто ки ҳидоят (Қуръон)-ро шунидем, ба Ӯ имон овардем. Пас, шахсе ки ба Парвардигораш имон овард, пас, аз нуқсони ҳасаноташ ва аз зиёд шудани сайиоташ натарсад.
Ҷинҳо гуфтанд, ки мо Қуръонро шунидем, имон овардем ва фаҳмидем, ки ба сабаби имон оварданамон он ҳасаноте, ки кардаем кам намешаванд ва он гуноҳҳое, ки содир карда будем зиёд карда намешаванд. Донистем, ки бар мо зулм нахоҳад шуд ва гуноҳҳои нокардаро бар мо бор намекунанд. Ҷинҳои бофаросат як масъалаи нозукро дарк кардаанд, ки барои кори савобу хайр намудан ва ба аҷри он соҳиб шудан имон шарти аввал аст…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «