Тафсири Сураи Чин Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 15
وَاَمَّا الۡقٰسِطُوۡنَ فَكَانُوۡا لِجَهَنَّمَ حَطَبًا ١٥
Ва амма-л-қоситуна фа кану ли Ҷаҳаннама ҳатаба. 15.
15. Ва аммо роҳгумкардаҳо аз барои Ҷаҳаннам ҳезум бошанд.
Албатта, касоне, ки имон наоварданд, хоҳ инс бошанд хоҳ ҷин ҳезуми ҷаҳаннаманд. Бори дигар ин оят таъкид месозад, ки ҷинҳо мисли инсонҳо муъмину ғайри муъмин доранд ва ҳашру ҳисобу китобу ҷазову подоши амалро хоҳанд дид. Бояд гуфт, ки ҷинҳо Исломро кӯркӯрона қабул накардаанд, балки аввал оятҳои он Қуръонро шуниданд онро дар тарозуи ақл баркашиданд ва ба аъмолу рафтору фаҳмише, ки то ин лаҳза доштанд қиёс намуда, хулосаи аниқ бароварданд, ки роҳи ҳидоят ёфтан ин аст. Бешубҳа, касе аз он пайравӣ намояд саодати ду дунёро ҳосил мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «