Тафсири Сураи Чин Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 16
وَّاَنْ لَّوِ اسۡتَقَامُوۡا عَلَى الطَّرِيۡقَةِ لَاَسۡقَيۡنٰهُمۡ مَّآءً غَدَقًا ١٦
Ва ал-лавистақому ъала-т-тарӣқати ла асқайнаҳум-м маан ғадақо. 16.
16. Ва агар онҳо ба роҳи рост (шариъат) истиқомат мекарданд (устувор мебуданд), албатта, Мо онҳоро оби бисёр менӯшонидем.
Сухани Аллоҳтаъолост, ки агар ҷамоаи куффор имон биёранд ва дар шариати Худо истиқомат кунанд, албатта, мо дар дунё ризқашонро васеъ мегардонем ва дар охират неъматҳои аз ин зиёда ба онҳо хоҳем дод.
Ин ояти карима вақте нозил шуд, ки муддати 7 сол борон наборида буд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «