Сураи Ҷин Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Чин Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҷин Ояти 17

لِّنَفۡتِنَهُمۡ فِيۡهِ‌ ؕ وَمَنۡ يُّعۡرِضۡ عَنۡ ذِكۡرِ رَبِّهٖ يَسۡلُكۡهُ عَذَابًا صَعَدًا ١٧

Ли нафтинаҳум фӣҳ. Ва ма-й юъриЗ ъан зикри Раббиҳӣ яслукҳу ъазабан саъада. 17.

17. То онҳоро ба он (оби бисёр) имтиҳон кунем. Ва шахсе аз зикри Парвардигораш рӯ гардонад, ӯро ба азоби сахт дарандозем.

Дар зимни ин ояти карима ду ҳақиқат баён мегардад, ки донистани он барои ҳар як фарди мусалмон чун обу ҳаво зарур аст:

1. Аз зиндагии хубу фаровон инсон бояд мағрур набошад ва бояд самараи ибодати Худо чун имон, эътиқод, тақво, тоъат, ибодат ва ғайра дар чунин ҳолат дар ӯ дида шавад. Ҳамчунин бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ҳамеша ин амалҳои солеҳро дар худ дошта, ҳеҷ гоҳ тарк насозад.

2. Худованд ин қадар фаровонии неъматҳо-ризқу рӯзиро барои имтиҳони бандаҳо додааст.

Ин маънои онро дорад, ки шукри неъматҳои Худоро ба ҷой оварда, аз ҷурму гуноҳу маъсият худро дур дошта, аз онҳо бояд парҳез намояд. Аммо бинобар одати инсонҳо, ки ғурур ба мол доранд андеша намекунанд, ки ин молу неъмат аз тарафи Парвардигор аст. Агар шукри он ба ҷо оварда нашавад зоеъ мегардад дар дунё ва охират душманаш хоҳад гашт. Агар гӯяд, ки Худоро шукр, ки ба ман ин қадар мол додааст, ин шукргузории том нест! Шукри неъмат ин аст, ки гуруснаеро сер кунӣ, бараҳнаеро бипӯшонӣ, ҳоҷатмандеро ҳоҷат барорӣ, ба беваю ятиму бенавову камбағалу бечораву дигару дигар дасти ёрӣ дароз кунӣ. Он гоҳ метавон гуфт, ки ту шукри неъматро ба ҷо овардаӣ. Ва агар ин хайрот заррае олуда ба ғаразе ба монанди шӯҳратхоҳӣ, нишон додани сарватмандии хеш бошад, фосиду табоҳ мегардад. Аз ин мебарояд, ки ҳар касеро заррае ғурур дар вуҷуд бошад ӯро ба даргоҳи Худованд роҳ нест! Пас эй мардум, ба дороии хеш мағрур нашавед ва охирати худро барбод мадиҳед! Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҷин Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҷин Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)