Тафсири Сураи Чин Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 18
وَّاَنَّ الۡمَسٰجِدَ لِلّٰهِ فَلَا تَدۡعُوۡا مَعَ اللّٰهِ اَحَدًا ١٨
Ва анна-л-масаҷида лиллаҳи фа ла тадъу маъаллоҳи аҳада. 18.
18. Ва ба дурустӣ ки масҷидҳо хос аз барои Аллоҳанд. Пас, бо ҳамроҳии Ӯ ҳеҷ аҳадеро ибодат макунед!
Асли масҷидҳо аз барои ибодати Аллоҳтаъоло сохта шуданд. Аз ин хотир онҳоро “байтуллоҳ” (хонаи Худо) мегӯянд. Худованд фармудааст, ки дар масҷидҳо ба ҷуз Ман дигар чизеро ибодат макунед.
Аммо бандаҳои Худо ба мисли яҳуду насоро ва монанди инҳо дар ибодатгоҳҳои хеш ба ибодати дигар ашё машғуланд. Ҳол он ки ин хитоба далолати ваҳдонияти Худовандро дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «