Тафсири Сураи Чосиях Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷосияҳ Ояти 29
هٰذَا كِتٰبُنَا يَنۡطِقُ عَلَيۡكُمۡ بِالۡحَقِّؕ اِنَّا كُنَّا نَسۡتَنۡسِخُ مَا كُنۡتُمۡ تَعۡمَلُوۡنَ ٢٩
Ҳаза китабуна янтиқу ъалайкум би-л-ҳаққ. Инна кунна настансиху ма кунтум таъмалун. 29.
29. Ин китоби Мост, ки барои амалҳои шумо ба ҳақ гувоҳӣ медиҳад, ҳаройина, Мо, он чӣ шумо амал мекардед, навиштаем».
“Ҳаза китабуна”, яъне “Ин китоби мо” ба андешаи баъзе муфассирон эҳтимоли ду маъноро дорад ва ҳар ду маъно, иншоаллоҳ, Қабили Қабул аст. Яъне Қуръон ва номаи аъмоли бандагон.
Агар мақсад аз ин китоб номаи аъмоли бандагон бошад, маънои зайлро ифода мекунад: Дар он рӯз ба онҳо гуфта мешавад, ки ин аст китоби мо, яъне “номаи аъмоли шумо”, ки дар он бе каму кост тамоми амалҳое, ки шумо дар дунё анҷом медодед, сабт шуданд Мо (фариштагонро) амр намудем, то тамоми амалҳои шуморо дар ин китоби мо навишта гардонанд. Алъон он номаи аъмоли шумо бе каму кост алайҳи шумо ба ростӣ сухан мегӯяду ҳақиқатро баён мекунад. Агар пурсанд, ки чаро “номаи аъмол” гоҳ ба бандагон нисбат дода мешавад ва гоҳ ба Аллоҳ таъоло? Ҷавоб ин аст, ки барои он ба бандагон изофа мешавад, ки дар он амалҳои дар дунё ба сомон расонидаи онҳо навишта шудааст ва изофа ба сӯйи Аллоҳ таъоло ба ин хотир аст, ки Ӯ таъоло молики ин китоб аст ва Ӯ фариштагонро амр намудааст, ки барои ҳуҷҷат амалҳои бандагонро бар онҳо нависанд.
Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Фариштагон ба ҳар як инсон ҳамчун муҳофиз гузошта шудаанду муроқиби амалҳои онҳоанд”. Ҳар амали неку баде, ки анҷом медиҳанд, фариштагон онро китобат мекунанду ба боло арз медоранд. Фариштагоне, ки барои ҷамъу басти амалҳои бандагон вакиланд, ин навиштаҳои фариштаҳои муҳфизро ба он чӣ вобаста ба бандаҳо Аллоҳ таъоло пеш аз халқи инсон дар Лавҳулмаҳфуз сабт карда буд, муқоиса мекунанд, мебинанд, ки ҳарфе кам ё зиёд нарафатааст. Фариштаҳои муҳофиз чунон мувофиқ ба навиштаи Лавҳулмаҳфуз китобат кардаанд, ки гӯё аз ҳамон Лавҳулмаҳфуз нусхабардорӣ шудааст. Аллоҳ донотар аст.
Баъди ин баёни аҳволи бандагони итоъаткор ва гунаҳкор, меояд. Инак, дар ояти аввал аз накӯкорон сухан меравад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «