Тафсири Сураи Чосиях Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷосияҳ Ояти 33
وَبَدَا لَهُمۡ سَيِّاٰتُ مَا عَمِلُوۡا وَحَاقَ بِهِمۡ مَّا كَانُوۡا بِهٖ يَسۡتَهۡزِءُوۡنَ ٣٣
Ва бада лаҳум саййиату ма ъамилу ва ҳақа биҳим-м ма кану биҳӣ ястаҳзиун. 33.
33. Ва бадиҳои он чӣ карда буданд (дар рӯзи Қиёмат), онҳоро зоҳир шуд ва он чӣ бар он истеҳзо мекарданд, онҳоро фаро гирифт.
Яъне чун Қиёмат Қоим шавад, пеши руйи бадкорон ҳамаи бадкориҳо ва натиҷаи тамоми амалҳои дар дунё содиркардаашон пеши рӯяшон ҷилвагар мешавад. Пас дар он рӯзи ҷонгудоз он чиро, ки дар дунё хабари онро мешуниданду масхара мекарданд, мебинанд. Яъне вақто ки азоби дардноке, ки барояшон муқаррар шудааст, онҳоро иҳота мекунад, дар ҳамин асно ба онҳо гуфта мешавад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «