Тафсири Сураи Кахф Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 76
قَالَ إِنْ سَأَلْتُكَ عَنْ شَيْءٍ بَعْدَهَا فَلَا تُصَاحِبْنِي ۖ قَدْ بَلَغْتَ مِنْ لَدُنِّي عُذْرًا ٧٦
Қола ин са-алтука ъан шай-ин баъдаҳа фа ла тусаҳибнӣ. Қад балағта ми-л ладуннӣ ъузро. 76.
76. (Мӯсо) гуфт: «Агар туро баъд аз ин аз чизе бипурсам, пас бо ман сӯҳбат макун. Ҳаройина, аз ҷониби ман маъзур хоҳӣ буд».
Мӯсо (а) ба хатои худ тан дода, узри охирони худро ба устод гуфт, ки шумо як бор узри маро қабул кардед, чашми умед дорам, ки бори дигар ҳам, узри маро бипазиред! Агар дигар бор эрод гираму шартро вайрон кунам, ман аз шумо дигар ҳеҷ гилае надорам. Метавонед суҳбати маро тарк кунед. Дар он сурат аз ҷониби ман маъзур хоҳед буд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «