Тафсири Сураи Кахф Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 77
فَانْطَلَقَا حَتَّىٰ إِذَا أَتَيَا أَهْلَ قَرْيَةٍ اسْتَطْعَمَا أَهْلَهَا فَأَبَوْا أَنْ يُضَيِّفُوهُمَا فَوَجَدَا فِيهَا جِدَارًا يُرِيدُ أَنْ يَنْقَضَّ فَأَقَامَهُ ۖ قَالَ لَوْ شِئْتَ لَاتَّخَذْتَ عَلَيْهِ أَجْرًا ٧٧
Фанталақо ҳатта иза атайа аҳла қарятин-истатъама аҳлаҳа фа абав ая юЗаййифуҳума фа ваҷада фӣҳа ҷидара-й юрӣду ая янқаЗЗа фа ақомаҳ. Қола лав шиъта латтахазта ъалайҳи аҷро. 77.
77. Пас, роҳ рафтанд то вақте ки ба аҳли деҳае омаданд, аз аҳли он деҳа таъом талаб карданд, пас, аҳли деҳа қабул нанамуданд, ки онҳоро меҳмонӣ кунанд, пас, дар он ҷо деворе ёфтанд, ки фурӯ афтоданӣ буд, пас (Хизр) онро рост сохт. Мӯсо гуфт: «Агар мехостӣ, ҳаройина, бар таъмири ин девор музде мегирифтӣ!»
Дар идомаи ҳадиси Убай ибни Каъб омадааст: «… сипас ба роҳ афтоданд, то ин ки ба деҳае расиданд. Аз аҳли деҳа талаб карданд, ки моро назди худ меҳмондорӣ кунед, (аҳли деҳа) розӣ нашуданд. (Хизр (а) ва Мӯсо (а) дар он деҳа девореро диданд, ки дар ҳоли фурӯ рехтан буд. Ҳазрати Хизр (а) онро бо дасти хеш рост кард. Мӯсо (а) бо тааъҷҷуб гуфт: «Мо аз онҳо меҳмонӣ талаб кардем, онҳо инкор карданд, шумо ин қадар кори бузурге анҷом додед, агар шумо мехостед, метавонистед аз онҳо музде бигиред». Ин бори севум буд, ки Мӯсо (а) бесабрӣ карданд. Пас Хизр (а)…
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «