Тафсири Сураи Калам Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 31
قَالُوۡا يٰوَيۡلَنَاۤ اِنَّا كُنَّا طٰغِيۡنَ ٣١
Қолу йа вайлана инна кунна тоғӣн. 31.
31. Гуфтанд: «Эй вой бар мо, ҳамоно, мо азҳадгузаштагон будем.
Чун дақиқ тафаккур карданд гуфтанд, ки эй вой бар мо, ки аз ҳад зиёд золим будаем. Фуқароро аз насибаашон маҳрум сохтем, Худоро фаромӯш карда, ба Ӯ таваккал накардем. Хулоса, онҳо гуноҳи хешро азим шумурда гуфтанд, ки агар Худованд моро мағфират накунад аз ҷумлаи золимон бошем. Боз ҳам ноумед нашуданд ва гуфтанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «