Тафсири Сураи Калам Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 45
وَاُمۡلِىۡ لَهُمۡؕ اِنَّ كَيۡدِىۡ مَتِيۡنٌ ٤٥
Ва умлӣ лаҳум. Инна кайдӣ матӣн. 45.
45. Ва онҳоро муҳлат хоҳем дод. Ҳаройина, тадбири Ман муҳкам аст.
Худованд дар ин оят хабар додааст, ки Мо ба ингуна шахсон муҳлат хоҳем дод. Ба онҳо мол медиҳам, умрашонро дароз месозам, то гуноҳашон зиёда гардад локин инро бояд донанд, ки тадбиру интиқоми ман аз кофирон басо сахт аст. Чун онҳо ба азоб гирифтор шаванд, дигар онҳо халосӣ надоранд. Барои ин ашхоси ба дунё мағрургашта, ки ризқашон васеъ молашон афзун, тану ҷонашон сиҳату саломат аст дар зоҳир эҳсон аст. Вале дар ботин калтаки сарашон хоҳад шуд, ки ин ҳама дороӣ бо мақсади иқобу азобашон ба онҳо дода шудааст. Наъузу биллоҳ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «