Тафсири Сураи Калам Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 46
اَمۡ تَسۡـَٔـلُهُمۡ اَجۡرًا فَهُمۡ مِّنۡ مَّغۡرَمٍ مُّثۡقَلُوۡنَۚ ٤٦
Ам тас-алуҳум аҷран фаҳум-м мим мағрами-м мусқалун. 46.
46. Оё аз онҳо музде металабӣ? Пас, онҳо аз товон гаронбор шудаанд?
Эй Муҳаммад (с), оё аз онҳо дар баробари таблиғи рисолати худ мол талаб мекунӣ? Онҳо барои адои дархости ту гаронбор шуда, дар қарзу товон фурӯ рафта аз адои қарз берун баромада наметавонанд? Агар чунин нест сабаби динро қабул накарданашон дар чист? Ояти зер ин таҳдидро идома медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «