Тафсири Сураи Калам Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 47
اَمۡ عِنۡدَهُمُ الۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُوۡنَ ٤٧
Ам ъиндаҳуму-л-ғайбу фа ҳум яктубун. 47.
47. Оё назди онҳо илми ғайб аст? Пас, онҳо менависанд?
Ояти мазкур аз рӯйи суол давоми ояти қабли аст. Оё назди онҳо “лавҳулмаҳфуз” аст, ки дар он илми ғайб дарҷ гардидаасту онҳо аз он кӯчонида ҳукм мекунанд, ки худашон аз аҳли имон беҳтаранд? Оё ҳамин сабаб шудааст, ки онҳо ба куфру туғён доимӣ боқӣ хоҳанд монд? Ҳаргиз чунин нест ва нахоҳад шуд!
Бо ҳамин оят шарҳи аҳволи мушрикон хотима ёфт, Аллоҳтаъоло қиссаи Ҳазрати Юнус (а)-ро мисол оварда Ҳабибаш (с)-ро дар ояти зер ба сабру таҳаммул даъват кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «