Сураи Қамар Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

اِقۡتَـرَبَتِ السَّاعَةُ وَانْشَقَّ الۡقَمَرُ ١

Иқтарабати-с-саъату ваншаққа-л-қамар. 1.

1. Қиёмат наздик шуд ва Моҳ (ду) пора шуд.

Дар Қуръони карим қиёмат бо номҳои гуногун зикр гардидааст. Дар ҳамин сура қиёмат бо номи «Соат» ифода ёфтааст. Аммо вақти вуқӯи қиёматро ҳеҷ кас, ҳатто пайғамбарони Аллоҳ ва фариштагони муқарраб ҳам намедонанд. Он танҳо ва танҳо маълуми Аллоҳ таъолост, ки Ӯ бар ҳама чиз доност. Дар таърихи инсоният чанд дафъа афроде пайдо гаштанд, ки ба охир расидани дунёро пешгӯӣ кардаанд, аммо хестанд, ки хобанд. Албатта, ҳар чизе, ки омаданист, онро наздик бояд шуморид. Вазифаи мо бандагон ин аст, ки ба рӯзи қиёмат ва воқеъ гаштани он бидуни кадом як гумону шакку шубҳа имон биёрему боварӣ дошта бошем, на ин ки сари кай рух додани он майна хароб кунему вақти худро беҳуда сарф намоем. Модоме ки пайғамбарони Худо дар таъини он рӯзи сарнавиштсоз оҷиз мондаанд, мо худ кистем, ки кори онҳо карда натавонистаро анҷом бидиҳем. Бори дигар таъкидан бигӯям, ки тибқи фармудаи Қуръону аҳодиси расули Аллоҳ ба донистани соати аниқи рӯзи растохез бандагон масъул нестанд. Беҳтар он аст, ки барои он рӯз омодагӣ бигирем, то назди Парвардигори худ рӯсиёҳ набошем.

Акнун биёем сари ду тақсим гардидани Маҳтоб, ки ин амр назди Ӯ таъоло ҳеҷ мушкилӣ надорад.

Бино ба ривояти Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) мушрикони Макка бо мақсади эътимоду боварӣ намудан ба ҳақиқат будани пайғамбарии ҳазрати Расули акрам (с) аз ӯ (с) чунин як муъҷизаи бузургро талаб намуданд. Он ҳазрат (с) ба даргоҳи Аллоҳ таъоло дуъо намуд ва дуъояш мустаҷоб гардид. Маҳтоб чунон аз миён тақсим гардид, ки аз миёнаи ду пораи он ғори Ҳиро дида мешуд.

Одати мушрикон буд, ки бо чунин талабҳо мехостанд фиристодагони Аллоҳро мулзам бигардонанд. Вале ҳар дафъа тирашон хок мехӯрд. Ин навбат бисёр кӯшиданд ва аз бузургони худ машварат хоста, чунин як масъалаи душворро аз хотамуланбиё талаб намуданд. Бисёр умед доштанд, ки бар расули Аллоҳ (с) ғолиб меоянд, вале ҳукми Худо рафта, ки боз хору шарманда гаштанд.

Асосан агар асли маъноро гирем, дуним шудани Моҳ барои вуҷуди Ӯ таъоло, ё барҳақ будани Расули Ӯ барои фарди соҳибақл далелу шарт нест. Зеро камшавӣ ва пуррашавии Моҳтоб, ҳаракати он аз рӯи як низоми муайян, фурӯ рафтану берун омадан ва нурафшонии вай як муъҷиза ва далели вуҷуди Парвардигор аст.

Доир ба ин ки дар замони Расулуллоҳ (с) дар ҳақиқат ҳодисаи дуним гардидани Моҳтоб вуҷуд дошт, далели дигаре низ вуҷуд дорад. Дар таърихи наздик ҳангоми кофтукови ёдгориҳои қадим дар кишвари Ҳиндустон боқимондаҳои ибодатхонаеро мавриди тадқиқот қарор доданд. Таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки замони бунёди ин бутхонаро муайян намоянд. Ба ин хотир рӯ ба ҳуҷҷатҳо оварданд. Пас дар ҳуҷҷате пайдо намуданд, ки чунин сабт гардида: «Дар он шабе, ки Моҳ ду ним шуда буд, сохтмони ин бутхона оғоз ёфт».


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)