Сураи Қамар Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 10

فَدَعَا رَبَّهٗۤ اَنِّىۡ مَغۡلُوۡبٌ فَانْـتَصِرۡ ١٠

Фа даъа Раббаҳу аннӣ мағлубун фантасир. 10.

10. Пас, Рабби худро дуъо кард, ки: «Албатта, ман мағлуб шудам, пас, (аз ин қавми бадкор) интиқом бигир».

Ҳангоме ки дар дили ҳазрати Нӯҳ (а) аз имон овардани қавм ягон зарра умед намонд, пас ӯ (а) ноилоҷ ба сӯи Парвардигори худ дуъо намуда гуфт, ки Парвардигоро, ман заъфу оҷиз, ночору ноилоҷ мондам. Донистам, ки садсолаҳо даъвати ман бар ин сангдилон таъсир накард. Пирӣ бар ман асар кардааст ва дигар дар муқобили гунаҳкорон истодагарӣ карда наметавонам. Дуъо мекунам барои ман аз ин қавм интиқоми Худро бигир ва дини Худро нусрат бидеҳ!

Аллоҳ таъоло дуъои Нӯҳ (а)-ро иҷобат фармуд ва он қавмро ба балое, ки дар ояти оянда зикр мешавад, сазовор донист.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)