Тафсири Сураи Камар Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 9
۞ كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوۡحٍ فَكَذَّبُوۡا عَبۡدَنَا وَقَالُوۡا مَجۡنُوۡنٌ وَّازۡدُجِرَ ٩
۞ Каззабат қаблаҳум қавму Нуҳин фа каззабу ъабдана ва қолу маҷнуну-в ваздуҷир. 9.
9. Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ дурӯғ пиндоштанд, пас, бандаи Моро такзиб карданд ва гуфтанд: «Девона аст». Ва ӯро таҳдид ҳам карда шуд.
Қабл аз мушрикони Макка қавми дигаре, ки пайғамбари замони худро дурӯғ мешумориданд, қавми ҳазрати Нӯҳ (а) буд. Ҳазрати Нӯҳ (а) тайи чандин қарн қавмашро ба сӯи Худо даъват намуд. Он қавм даъвати ҳазрати Нӯҳ (а)-ро напазируфта, мегуфтанд, ки ӯ девона аст, ақлу ҳушашро ҷин рабудааст. Илова бар ин, ки Нӯҳи наби (а)-ро ба дурӯғгӯӣ айб бастанд, девона гуфтанд, лату кӯб карданд, таҳдид намуда, ба ӯ гуфтанд: «Агар аз ин роҳи пешгирифтаат барнагардӣ, сангсор хоҳӣ шуд». Аммо Нӯҳ (а) даст аз таблиғ барнамедошт ва мегуфт: «Худовандо, қавми маро бубахш, ки онҳо намедонанд». Баъди таҳаммули ин қадар зулму хории қавмаш ҳазрати Нӯҳ (а) дар охир…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «