Тафсири Сураи Камар Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 42
كَذَّبُوۡا بِاٰيٰتِنَا كُلِّهَا فَاَخَذۡنٰهُمۡ اَخۡذَ عَزِيۡزٍ مُّقۡتَدِرٍ ٤٢
Каззабу би айатина куллиҳа фа ахазнаҳум ахза Ъазӣзи-м муқтадир. 42.
42. Ҳама оятҳои Моро дурӯғ ҳисобиданд. Пас, Мо онҳоро даргирифтем монанди даргирифтани ғолибу пурқувват.
Тарсонандаҳои Аллоҳро, яъне Мӯсо ва Ҳорун (а)-ро он лаъин дурӯғ мешуморид. Мӯсо (а) муъҷизаҳои гуногуни Аллоҳ таъолоро ба Фиръавн нишон дод. Ин бадбахт ба ҳеҷ як аз онҳо бовар накард ва ҳамаашро дурӯғ ҳисобид. Чун дигар аз Фиръавн ва қавмаш умеди аз куфру залолат баргаштан намонда буд, азоби илоҳӣ ба онҳо муқаррар гардид. Аллоҳ таъоло онҳоро дар муқобили амалҳои бадашон дар дарёи Нил ғарқ намуд. Аллоҳ таъоло дар гирифтан ниҳоят бузургу ғолиб аст. Чун азоби Ӯ таъоло бар касе ё бар қавме нозил гардад, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз монеъи азоб шуда натавонад. Фиръавну тобеъонашро чунон нобуд сохт, ки дигар аз онҳо дар рӯи Замин ҳеҷ асаре боқӣ намонд.
Ин ҷо қиссаи қавмҳои саркаш хотима ёфта, барои тарсу бим додани кофирони Макка саволҳои навбатӣ оғоз мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «