Тафсири Сураи Камар Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 50
وَمَاۤ اَمۡرُنَاۤ اِلَّا وَاحِدَةٌ كَلَمۡحٍۢ بِالۡبَصَرِ ٥٠
Ва ма амруна илла ваҳидатун ка ламҳин би-л басар. 50.
50. Ва нест ҳукми Мо магар як калима (ки) монанди гардонидани як мижа задан.
Зимни ояти мазкур Аллоҳ таъоло мефармояд, ки иҷрои фармони мо ва амалӣ шудани он аз мо ҳеҷ заҳмате талаб намехоҳад. Чун тасмим бигирем, бе ҳеҷ таъхир дарҳол онро амалӣ мегардонем. Мегӯем бош! Ба зудӣ мисли як мижа ба ҳам задан он амал бе таъхир иҷро мешавад. Ҳеҷ чиз монеъи амри Мо шуда наметавонад.
Ҳамчунин барпо шудани рӯзи қиёмат, дамидани рӯҳ (ҷон) дар пайкари инсонҳо ҳам, яке аз фармонҳои Аллоҳ таъоло аст, ки баъди амри Ӯ таъоло таъхирро напазирад. Агар Аллоҳ таъоло ҳалоки қавми муҷримро тақдир карда бошад, ба ғайри як амри Ӯ таъоло чизи дигаре лозим нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «