Тафсири Сураи Камар Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 51
وَلَقَدۡ اَهۡلَـكۡنَاۤ اَشۡيَاعَكُمۡ فَهَلۡ مِنۡ مُّدَّكِرٍ ٥١
Ва лақад аҳлакна ашйаъакум фа ҳал мим муддакир. 51.
51. Ва батаҳқиқ, Мо ҳамроҳон (амсол)-и шуморо ҳалок сохтем, пас, оё каси пандгиранда ҳаст?
Ояти мазкур ба гунаҳкорон, мушрикон ва кофирон хитоб намуда, таваҷҷуҳашонро ба сарнавишти қавмҳои пешгузашта гардонида, ҳушдор медиҳад. Ба онҳо мефармояд, ки эй муҷримон! Дар гузашта низ, қавмҳое мисли шумо аз роҳи дуруст ва сухани ҳақ сарпечикунанда буданд. Мо онҳоро ҳалок сохтем. Албатта, афроде, ки дар фасодкорӣ мисли қавмҳоеанд, ки бо дар натиҷаҳои офатҳо ҳалок шуданд, гӯянд, ки сарнавишти мо мисли сарнавишти онҳо нест. Дар ҷавоб ба таъкид метавон гуфт, ки онҳо ҳеҷ далеле надоранд. Аллоҳ таъоло дар охири ҳамин оят мефармояд, ки магар ҳеҷ касе нест аз миёни шумо, ки аз ҳалоки онҳо панду ибрат бигирад? Он гунаҳкорон ҳалоку нобуд шуданд, оё амалҳои онҳо низ, нобуд шуданд? Ояти зер инро эзоҳ медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «