Тафсири Сураи Камар Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 55
فِىۡ مَقۡعَدِ صِدۡقٍ عِنۡدَ مَلِيۡكٍ مُّقۡتَدِرٍ ٥٥
Фӣ мақъади сидқин ъинда Малӣки-м-Муқтадир. 55.
55. Дар маҷлиси ростини (бас гироми) назди Подшоҳи бар ҳама чиз тавоно нишастаанд.
Албатта, сухани Аллоҳ таъоло ҳақ аст. Парҳезгорони боимон бо он сидқу ихлос ва бо он амалҳои солеҳе, ки дар дунё ба умеди фазли Аллоҳ таъоло ва бинобар ваъдаҳои Ӯ таъоло анҷом додаанд, дар боғҳои Ҷаннат макон доранд. Дар боғҳои Ҷаннат обҳои зулоли чашмаҳо ҷорианд. Инчунин он ҷо ҷӯйҳои асал, шир ва шарбатҳои гуногун мавҷуданд. Аз файзу баракати Худованд фазои боғҳои Ҷаннат озод ва фарахбахш аст. Он маконро «Дорул карома» гӯянд, яъне ҷои ҳурматшудагон, ҷои эҳсони Парвардигор, ҷое, ки шахси он ҷо насибдошта ҳамеша розӣ аст, маконе, ки меҳмонпазироии Худованд аст. Он ҷо мақоми сидқ (ростин) аст. Ҳеҷ гуна ботилу беҳудагӣ дар он макон нест. Ҳама ашёи дар онҷобуда саросар ҳақ аст. Тамоми ваъдаҳои Худованд дар он ҷо сидқан ошкор гардад. Ин ҳама назди он Худовандест, ки Ӯ бузургу холиқи ҳамаи ашё ва бар ҳама чиз молику бар ҳама кор қодир аст.
Худоё, албатта, Ту молику қудратмандӣ, он чӣ бихоҳӣ, аз амрат воқеъ шавад. Омода соз моро дар дори дунё ва дар дори охират ва бош бар ҷониби мо, мабош бар зарари мо. Илоҳо, бидеҳ моро дар дунё хубӣ ва дар охират хубӣ, нигоҳ дор моро аз азоби нор!
Бинобар гуфти Ибни Касир ҳазрати Расулуллоҳ (с) дар намози Иди Қурбон ва Рамазон сураҳои «Қоф» ва «Қамар»-ро мехонданд.
Поёни сураи «Қамар» ва лиллаҳил ҳамд.
Адибе гуфтааст.
Зи ёди ҳаққ машав ғофил, агар ҳуше ба сар дорӣ,
Яқин медон, ки мемирӣ, агар тоҷе ба сар дорӣ.
Нафасро сарфи тоъат кун, бигӯ авроди субҳонӣ,
Тайёр кун тӯшаи фардо, ки аз ин олам гузар дорӣ.
Бубин, то манзили уқбо чӣ роҳи пурхатар дорӣ,
Агар заррин камар дорӣ, кулоҳи зар ба сар дорӣ.
Наарзад ганҷу молу зар ба як оҳи саҳар, афсӯс,
Пушаймонӣ барӣ охир, агар сад чоҳ, зи зар дорӣ.
Наметарсӣ аз он рӯзе, ки ояд лаҳзаи пурсиш,
На аз илме хабар дорӣ на оёте ба сар дорӣ…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «