Тафсири Сураи Касас Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 2
تِلۡكَ اٰيٰتُ الۡـكِتٰبِ الۡمُبِيۡنِ ٢
Тилка айату-л-китаби-л-мубӣн. 2.
2. Ин оятҳои Китоби равшан аст.
Калимаи Китоби мубин дар ояти 6-уми сураи «Ҳуд» (а) ва дар ояти 61-уми сураи «Юнус» (а) ба маънои «Лавҳулмаҳфуз» тафсир шудааст. Вале дар ояти мавриди назар бо иттифоқи муфассирон, ба маънои Қуръони карим омадааст. Ба ҳар ҳол дар шарҳи ояти мазкур муфассирон гуфтаанд, ки ин Китоби мубин, яъне оятҳои қуръонӣ ошкоро возеҳанд. Зеро он китобест, ки ҳам худ равшан аст ва ҳам равшангари роҳи некбахтию хайру баракат аст. Баёнкунандаи ҳалол, ҳаром, ваъда, ваъид, ихлос, тавҳид аст. Агар инсон муъмину бо ихлос бошад, бо дастуроти Қуръон дӯстони Аллоҳ таъоло (авлиёуллоҳ) ва душманони Аллоҳ таъолоро мешиносад, подоши амали нек ва ҷазои амали бадро мефаҳмад. барои шинохтани авлиё (дӯст)-ҳои Вай ва душманҳои Вай, савобу ҷазои амал, ҳар чизе, ки инсон ба он муҳтоҷ аст, ошкоро Қуръон баёнгари он аст. Ҳар маълумоте, ки барои ба хушбахтии дунё ва охират соҳиб шудани инсон лозим аст ва инсон ба он муҳтоҷ аст, Қуръон ошкоро баён кардааст. Аз он ҷумла, қиссаи Мӯсо (а), ки дар ояти зер ишора ба он шудааст. Худованд Пайғамбари Худро ошкоро хитоб намуда фармудааст аст, ки
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «