Сураи Қасас Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 8

فَالۡتَقَطَهٗۤ اٰلُ فِرۡعَوۡنَ لِيَكُوۡنَ لَهُمۡ عَدُوًّا وَّحَزَنًا ‌ ؕ اِنَّ فِرۡعَوۡنَ وَهَامٰنَ وَجُنُوۡدَهُمَا كَانُوۡا خٰطِـــِٕيۡنَ‏ ٨

Фалтақатаҳу олу Фиръавна ли якуна лаҳум ъадувва-в ва ҳазана. Инна Фиръавна ва Ҳамана ва ҷунудаҳума кану хотиӣн. 8.

8. Пас, баргирифтанд ӯро аҳли хонаи Фиръавн, то дар охири кор барои онҳо душман ва сабаби андӯҳ шавад. Ҳаройина, Фиръавну Ҳомон ва лашкарҳои онҳо хатокунанда буданд.

Чун бо амри Худованд, модари Мӯсо (а) ӯ (а)-ро макконду дар сандуқчае андохту болои дарёи Нил гузошт, дарё ба ҷараёни худ сандуқчаро, маъмулан, бурдан гирифт. Дарёи Нил, ё шохобе аз он аз назди қасри Фиръавн мегузашт. Дар он асно хонаводаи Фиръавн сандуқчаро диданд, фармуданд, то онро гиранд. Чун онро кушоданд, диданд, ки тифли навзоде дар он хобидааст. Ҳамин ки тифлро диданд, муҳаббати ӯ дар умқи дили онҳо ҷой гирифт, қасд карданд, то ӯ (а)-ро фарзанд хонанду нури чашмони онҳо бошад. Аммо тадбири Худованд чизи дигаре буд. Худованд бо иродаи Худ, бо чунин сурат гирифтани кор, хост Мӯсо (а) дар оянда душман ва мояи андӯҳи аксари онҳо бошад. Зеро онҳо муҷриму гунаҳгор буданд, дар рафтору гуфтори Фиръавн ва вазири вай (Ҳомон) ва ҳатто дар рафтори лашкарҳои онҳо заррае итоат ба фармони Худованд дида намешуд.

Хулоса, Худованди қодиру муттаъол чунон кард, ки онҳо бо ду дасти адаб душманашонро парвариш карданд ва Худованд бо сабаби ӯ (а) онҳоро дар охир муҷозот кард. Бо ҳамин тартиб баъди кушодани сандуқча ва дидани атрофиёни Фиръавн Мӯсо (а)-ро, чуноне ки ояти зер ишора мекунад, гуфтугӯҳои ду ҷониба байни онҳо оғоз шуд. Яке аз онҳо Осия ҳамсари Фиръавн…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)