Тафсири Сураи Коф Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 19
وَ جَآءَتۡ سَكۡرَةُ الۡمَوۡتِ بِالۡحَـقِّؕ ذٰلِكَ مَا كُنۡتَ مِنۡهُ تَحِيۡدُ ١٩
Ва ҷаат сакрату-л-мавти би-л-ҳаққ. Залика ма кунта минҳу таҳӣд. 19.
19. Ва ба ростӣ сакароти мавт биёяд (ба инсон гуфта шавад): «Ин аст он чӣ, ки аз он (марг) канор мегирифтӣ».
Хоҳ нохоҳ, сакароти мавт (талхии ҷон кандан) бар сари инсон, ки бисёр ҳодисаи бешафқат аст, меояд ва инсон дасту по мезанад, то ин ки шиддатро аз худ дур созад. Аммо ҳайҳот, зеро ки мавт амри ҳақ буда, аксаран бар тамоми аъзои ӯ, ҳатто бар ақлу забони ӯ ғолиб меояд. Инсонҳое, ки онро инкор мекарданд, ҳатто аёнан маргро мебинанд ва он лаҳза имон меоранд, тавбаву надомат ва пушаймонӣ мекунанд, локин чи фоида? Дар он ҳолат инсон ҳеҷ тадбире карда наметавонад. Он лаҳза ба он инсон гуфта мешавад, ки ин аст он ваъдае, ки ту доим аз он худро канора мегирифтӣ ва аз он метарсидию мегурехтӣ ва дар фикри он набудӣ. Акнун чӣ кор карда метавонӣ?
Дар ҳадис омада, ки модарамон ҳазрати Оиша (р) чунин гуфтанд: «Вақте ҳазрати Расулуллоҳ (с)-ро мавт фаро гирифт, арақи чеҳраи муборакашонро тоза намуда, ин суханро мегуфтанд: «Субҳоналлоҳ инна лил мавти ласакаротин» (яъне пок аст Аллоҳ таъоло, албатта, барои мавт сакароту талхӣ вуҷуд дорад)».
Акнун хонандаи мухлис, ҳам аз ояти карима ва ҳам аз мазмуни ҳадис сахтию талхии ҷон кандан барои ҳама маълум гашт. Аз ин ҳам сахттар рӯзе ҳаст, ки ояти зерин аз он ҳарф мезанад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «