Тафсири Сураи Коф Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 28
قَالَ لَا تَخۡتَصِمُوۡا لَدَىَّ وَقَدۡ قَدَّمۡتُ اِلَيۡكُمۡ بِالۡوَعِيۡدِ ٢٨
Қола ла тахтасиму ладайя ва қад қаддамту илайкум би-л-ваъӣд. 28.
28. (Аллоҳ) гӯяд: «Назди Ман хусумат макунед, ҳол он ки пеш аз ин ба сӯи шумо ваъдаи азобро фиристода будам.
Чун миёни инсону шайтон ихтилоф меафтад ва ба мунозира мепардозанд, Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки ин низоъи шумо барои шумо дигар фоидае надорад, дар ин ҷо хусумат накунед. Охир ҳангоми дар дунё буданатон ба василаи пайғамбарон сахтию ваҳшати ин рӯзро қаблан ба шумо расонида аз азоби Худ бар ҳазар карда будам-ку!? Шумо бошед, аз оятҳои Ману бимдиҳандагони Ман сабақ набардоштед панд нагирифтед, истифода набурдед. Акнун ҳайҳот, ки дер шуд, ба қафо бозгашт нест. Ҳар кас мувофиқи амалҳояш ҷазо ё мукофот мегирад!
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «