Тафсири Сураи Коф Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 29
مَا يُبَدَّلُ الۡقَوۡلُ لَدَىَّ وَمَاۤ اَنَا بِظَلَّامٍ لِّلۡعَبِيۡدِ ٢٩
Ма юбаддалу-л-қавлу ладайя ва ма ана би заллами-л лилъабӣд. 29.
29. Назди Ман ваъдаро тағйир дода нашавад ва Ман бар бандагон ситамкунандаву зулмкунанда нестам.
Аллоҳ таъоло фармудааст, ки Ман ҳеҷ касро бе ҷурму гуноҳ азоб намекунам. шумо, ки мустаҳиққи азоб гаштед, сухани Ман дигаргун намешавад ва ҳукми Ман, ки азоби гунаҳкорон аст, табдилу тағйир намепазирад. Оре! Аллоҳ таъоло чӣ гуна ки хоҳад, дар мулки Худ тасарруф мекунад, зеро Ӯ таъало молики тамоми махлуқот аст, ҷои чуну чаро надорад. Ӯ золим нест, ҳама корҳои Аллоҳ таъоло айни адолат аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «