Тафсири Сураи Коф Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 3
ءَاِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابًا ۚ ذٰلِكَ رَجۡعٌ ۢ بَعِيۡدٌ ٣
А-иза митна ва кунна туроба. Залика раҷъум баъӣд. 3.
3. (Кофирон гуфтанд:) «Оё чун бимирем ва хок шавем (боз зинда мешавем?), ин дубора зинда шудан аз ақли мо дур аст».
Яъне ҳар гоҳе Расулуллоҳ (с) кофиронро ба сӯи худошиносӣ ва ақидаву тавҳиди тоза даъват мекард ва дар бораи дубора зинда шудан хабар медод, онҳо дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд, ки мо мемурем, устухонҳои мо дар хок пӯсида, ба тадриҷ несту нобуд мешаванд, боз чӣ хел аз сари нав мисли пештара зинда хоҳем шуд? Ин ба ақли мо рост намеояд!. Сабаби чунин якравӣ ва беасос ҳарф задани онҳо ин буд, ки ҷаҳлу ҳамоқат онҳоро фаро гирифта буд. Ба ин ёвагӯиҳои беасос Ӯ таъоло онҳоро бо ояти зер посухи рад додааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «