Сураи Қоф Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 44

يَوۡمَ تَشَقَّقُ الۡاَرۡضُ عَنۡهُمۡ سِرَاعًا‌ ؕ ذٰلِكَ حَشۡرٌ عَلَيۡنَا يَسِيۡرٌ ٤٤

Явма ташаққақу-л-арЗу ъанҳум сироъа. Залика ҳашрун ъалайна ясӣр. 44.

44. Рӯзе, ки Замин аз сари онҳо бишкофта шавад, онҳо шитобон берун оянд, ин аз нав зиндасозӣ барои Мо осон аст.

Он рӯз бо амри Аллоҳ таъоло аз осмон борони хосе меборад. Аллоҳ таъоло Заминро аз болои сари қабршудагон мешикофад. Ҳамаи онҳо мисли растании нешдода сар ба боло аз замин мебароянд.

Дар ин асно амрҳои Аллоҳ таъоло пай дар пай ҷорӣ мешаванд. Сури ҳазрати Исрофил (а) дамида мешавад. Мардум аз нав зинда мешаванд. Мувофиқи далелҳои мавҷуда тариқи он чунин аст.

Тамоми ҷонҳои (рӯҳҳои) мардум дар сӯрохии сури Исрофил (а) ҷойгиранд. Ҳангоми дамидани он сур, ҷонҳо байни замину осмон парешон мешаванд. Амри Аллоҳ таъоло мерасад, ки ҳар кадом ҷон (рӯҳ) дар дунё дар кадом ҷасаде хизмат карда бошад, ба ҳамон ҷасад дарояд. Мардум зинда мешаванд ва ҳама шитобон ба маҳшаргоҳ (майдони ҷамъшавӣ) мераванд. Инсони аввалин ва охирин бо амри илоҳӣ як ҷо ҷамъ мешаванд. Барои Аллоҳ таъоло ин зинда гардонидан ва ҷамъ сохтан як кори оддию осон аст. Дар ин кор ба ҳеҷ касе муҳтоҷ нест.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)